Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алим Шерзамонов: Моро "сиёҳ" мекунанд, то худро "сафед" намоянд. ВИДЕО, САДО


Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, бовар дорад, мақомот дар ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон пойи ӯро кашидаанд, то ба гуфтааш, "амалкардҳои худро ҷомаи қонунӣ пӯшонанд".

Мақомот дар наворе шоми 24-уми май иддао карданд, ки тарҳи нооромиҳои охирро дар Бадахшон 26-уми марти имсол Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ дар Хоруғ ва Алим Шерзамонов маҷозӣ аз Аврупо рехтаанд. Радиои Озодӣ 25-уми май дар суҳбати видеоӣ аз Алим Шерзамонов пурсид, ки оё чунин суҳбате буд?

Алим Шерзамонов: "Дурӯғе беш нест. Дар он рӯзу соат, Шумо шоҳид будед, ки дар Бадахшон дастрасӣ ба интернет набуд, то ҷаласаи онлайнӣ карда бошем. Ҳамааш афсона аст. Ангезаи чунин парвандабофӣ ва кашидани пойи ман дар он аст, ки мехоҳанд, амалкарди худро дар Рӯшон машрӯият бахшанд."

Радиои Озодӣ: Дар навори мақомот, ки Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов суҳбат мекарданд, ташаббуси баргузории ҷаласаро ба уҳдаи Шумо гузоштанд...

Алим Шерзамонов: "Ҳаргиз чунин суҳбат нашудааст. Ман рад мекунам."

Радиои Озодӣ: Холбаш Холбашов дар навори мақомот мегӯяд, Шумо гуё аз онҳо пурсидед, ки кай метавонанд тазоҳуротро баргузор кунанд. То чӣ ҳад дуруст аст?

Алим Шерзамонов: "Бо Холбаш Холбашов дар умрам тавассути телефон ва воситаҳои дигар тамос надоштаам. Дар умрам. Як ё ду бор дар сари роҳ салом кардаем. Шояд чанд луқмапартоӣ кардем, аммо дар асл тамос надоштем."

Радиои Озодӣ: Пас, ин ҳарфҳо аз куҷо дар миён гузошта шудаанд?

Алим Шерзамонов: "Барои машрӯият бахшидан ба он ҷиноят, наслкушие, ки дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифт. Мардумро ба қатл расонданд. Баъд аз пайи он шуданд, ки Паймони миллӣ ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ асту Алим Шерзамонов узви он ва пойи ӯро ба миён бикашем, то кушта шудани мардумро қонунӣ кунем."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Шерзамонов гуфт, чаро номи ӯро ба ҳодисаҳои Бадахшон “часпонданд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:20 0:00

Радиои Озодӣ: Мақомот дар навор гуфтанд, ки гуё барои ташкили бетартибиҳо 13 ҳазор доллар фиристодед. Ин даъво асос дорад?

Алим Шерзамонов: "Ягон асос надорад. 13 ҳазор доллар аз куҷо? Инҳо аз моҳи ноябри соли 2021 дар ин бора мегӯянд. Даъво доранд, ки аз Амрико 13 ҳазор доллар ва аз Русия ним ё якуним миллион рубл ба гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ фиристода шудааст. Дар Бадахшон як анъана аст. Вақте касе даргузашт, хешутабор ба хонавода дасти мадад дароз мекунанд..."

Радиои Озодӣ: Шумо фиристодед ё не?

Алим Шерзамонов: "Ман дар Аврупо ҳастам ва ин миқдор пулро аз куҷо меёбам? Шояд мардуми Бадахшон дар Русия ҳастанд, онҳо фиристодаанд."

Радиои Озодӣ: Яъне нафиристодед?

Алим Шерзамонов: "Ягон бор чунин маблағ надоштаам ва ба дастам нагирифтаам. Ин гапро нисбати айбдоршавандаҳо ва қурбониён таҳқир мешуморам."

Радиои Озодӣ: Ин ҳарфҳо дар навори мақомот садо дод, ки Улфатхоним Мамадшоева низ дар он суҳбат мекард, вале ба мо маълум нест таҳти чӣ шароит сабт кардаанд...

Алим Шерзамонов: "Агар диққат карда бошед, таҳқиқоти журналистӣ баред, оинаи чашми рости Улфатхонимро ториктар кардаанд, чун дар чашми росташ нишонаи зарбу лат аст. Бояд онро рӯйпӯш кунанд. Диққат кунед. Парвандааш муҳри махфӣ дорад. Кадом ниҳод онро махфӣ мекунад ва кадом ниҳод ба қароре меояд, ки қисме аз онро гуфтан мумкин аст?"

Шерзамонов гуфт, чаро номи ӯро ба ҳодисаҳои Бадахшон “часпонданд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:53 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Дар навор Холбаш Холбашов ҳам буд ва ӯ низ айни гапҳоро мегуфт...

Алим Шерзамонов: "Наход Шумо ба ончи дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ва пеш аз баргузории додгоҳ тавассути навор мегӯянд, бовар доред? Ва оё чунин имкон вуҷуд дорад, ки марде пайдо шавад ва чизи хостаи тафтишотро нагӯяд? Дар таҷрибаи ҳаётамон дидем, ки чизе хоҳанд, дар забону даҳонаш мемонанд."

Радиои Озодӣ: Бо оғози нооромиҳо ва Хоруғу Рӯшон, номи Шумо дар сархати эъломияҳои расмӣ буд, ки дар ин корҳо даст дореду доман мезанед. Ба ин чӣ мегӯед?

Алим Шерзамонов: "Дар ин корҳо чӣ хел даст дорам? Ҳамчун ҳар бадахшонии фаъол дар шабакаҳо мегӯям, ҳанӯз аз соли 2018 ба ин сӯ мардуми Бадахшон таҳти таъқибу фишори шадид ҳастанд. Ва ҳар бадахшоние, ки фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд, садо баланд мекард, аз ҷумла банда низ. Номи маро дар инҷо ворид карданд, чун тамошобини зиёд доштам. Бовари сокинон ба ман зиёд аст. Инҳо бояд маро ва лидерони ғайрирасмии Бадахшонро, ки дар назди мардум эътибор доранд, "сиёҳ" кунанд, то ба ин восита худро "сафед" намоянд."

XS
SM
MD
LG