Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Русия гуфт, 1730 муҳофизи "Азов"-ро асир гирифтааст


Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 19-уми май хабар дод, ки 771 низомии дигари украин аз корхонаи фулодгудозии "Азов"-и Мариуполи Украина ба минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Русия интиқол дода шудааст.

Ба ин тартиб, тавре мақомоти Русия хабар медиҳанд, шуруъ аз 16 май то кунун теъдоди низомиҳои Украина, ки ба Русия таслим шудаанд, ба 1730 расид. Аз ин теъдод 80 нафар маҷруҳ ҳастанд.

Киев ин рақамро ҳоло шарҳ надодааст. Анна Маляр, муовини вазири мудофиаи Украина ахиран даъват кард, изҳороти ҷониби Русия дар бораи таслим шудани низомиҳои украинӣ ҳамчун иттилои дақиқ пазируфта нашавад.

Сарфи назар аз ин, мақомоти Украина пештар гуфтанд, низомиҳо шуруъ аз 16 май корхонаи "Азов"-ро бо дастури фармондеҳӣ тарк кардаанд. Манобеи расмӣ дар Киев инро "кӯчонидан" номиданд. Киев гуфт, тасмим дорад, ин низомиҳоро тавассути табодули асирон баргардонад.

Маълум нест, чи теъдоди дигар аз низомиҳои Украина дар ҳудуди корхонаи "Азов" боқӣ мондаанд. Ба иттилои вазорати мудофиаи Русия, дар корхонаи "Азов" ҳудуди 2500 низомӣ ҳузур дошт. Ҷониби Украина гуфт, теъдоди дақиқи низомиҳои "Азов"-ро медонад, аммо онро ошкор намекунад. Пештар гуфта мешуд, ки дар корхонаи "Азов" аз 1,5 то 3 ҳазор низомӣ ҳузур дорад.

XS
SM
MD
LG