Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон мардони алиментгурезро ҷустуҷӯ доранд. ВИДЕО


Акс аз соли 2006

Нозияи 32-сола, сокини вилояти Хатлон пас аз талоқ бо ҳамсараш бо се фарзанди ноболиғ дар хонаи иҷора дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди ин ки додгоҳ ба пардохти алименти фарзандонаш ҳукм содир кардааст, аз соли 2018 ба ин сӯ ҳамсари собиқаш ин қарорро иҷро намекунад. Дар натиҷа, шавҳари Нозияро барои нодида гирифтани ҳукми додгоҳ ба шаш моҳи зиндон маҳкум карданд. Ба гуфтани Нозия, дар мурофиа шавҳараш гуфтааст, ки «қасдан алиментро намесупорам» ва ба ҷои ин омада чандин бор Нозияро таҳдид кардааст. Дар давоми чор соли охир қарзи падар аз кӯмакпулии тарбияи фарзандонаш то 30 ҳазор сомонӣ афзудааст. Як баҳонаи ин мард бекорӣ будааст.

Нозия аз таҷрибаи худ медонад, ки батанҳоӣ бузург кардани кӯдакону пардохти хароҷоти зиндагии онҳо пеш аз ҳама ба худи кӯдакон таъсири манфӣ дорад.

Нозия танҳо нест. Мисли ӯ дар вилояти Хатлон садҳо зани дигар ҳам мунтазири кӯмакпулии расмии тарбияи фарзандон баъди аз ҳам пошидани оила мондаанд.

Аз сӯи дигар, мардоне, ки бо қарори додгоҳ ба пардохти алимент вазифадор мешаванд, аз мушкилоти худ шикоят мекунанд, ки аввалинаш бекорӣ мебошад.

Барои надодани алимент Нозия шавҳарашро ҷазо дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Субҳоналӣ Давлатов, ки беш аз 5 соли ахир барои писараш алимент медиҳад, иқрор мешавад, ки сари вақт ва мунтазам пардохт кардани ин маблағ барояш осон нест. Ӯ мегӯяд:

“Аз кор вобаста аст, агар марде кор накунад, наметавонад супорад. Ман кор мекунам, месупорам, гоҳо дер месупорам. Нафароне ҳастанд, ки деҳқон ҳастанд, кори доимӣ надоранд, наметавонад алимент диҳанд.”

Дар вилояти Хатлон бархе созмонҳои ҷамъиятӣ бо назардошти бисёр паҳншуда будани мушкили пардохти алименти кӯдакон ба чунин оилаҳои ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд. Ин созмонҳо талош мекунанд баъди шунидани шикояти занҳо сабаби мушкили иҷрои талаботи қонунро аз мардон суол кунанд.

Кори Сайёра Маҳмадова, ҳуқуқшиноси як созмони ҷаъмиятӣ ҳам аз ҳамин иборат аст. Ӯ мегӯяд: “Ҳастанд мардҳое, ки ҳамон пулро намедиҳанд, вале баъдан онро медиҳанд. Вале онҳое, ки қасдан пул намедиҳанд, бар асоси қонун муҷозот мешаванд. Гоҳо занон омода шикоят мекунад, ки ҳафт-ҳашт моҳ алимент нагирифтаанд”.

Ба мушоҳидаи ҳуқуқшиносони ҷамъиятӣ, мушкили рӯёнидани кӯмакпулии фарзандон аз ҳамсарони ҷудошуда заминаҳои ҳуқуқӣ ҳам дорад. Набуди никоҳи расмӣ бо марде, ки баъди чанд сол ин оиларо тарк мекунад, саргардониву эҳтиёҷи занонро меафзояд. Сайёра Маҳмудова ҳам мегӯяд, ки шумори муштариёни зане, ки бе никоҳи расмӣ фарзанддор шуда, баъди ҷудо шудан бе ҳеҷ умеде ба ёрӣ мемонанд, хеле зиёд аст. Ӯ мегӯяд: ”Бештар вақт занҳое муроҷиат мекунад, ки никоҳи расмӣ надоранд, вале мехоҳанд алимент талаб кунад, дар шаҳодатномаҳо номи модарашон зикр шудааст. Мо барои муқаррар кардани номи падари ва рӯёнидани алимент ариза мекунем, вақте номи падарӣ муқаррар шуд, баъд алимент меситонем.”

Дар вилояти Хатлон беш аз 31 ҳазор зан аз шавҳарони собиқашон алимент мегиранд. Вале парвандаҳои марбут ба мардони алиментгурез зиёд нест. Дар ду соли охир дар Хатлон на бештар аз 10 мард барои пардохт накардани алимент муҷозот шудаанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, агар занҳо ҳам огаҳии бештари ҳуқуқӣ медоштанд ваё саривақт ба ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат мекарданд, шояд ҳолатҳои ба ҷазо кашидани чунин мардон ҳам бештар мешуд.

Алимент ба фарзанде дода мешавад, ки дар тарбияи модар ё падар қарор дорад. Инчунин падару модар ҳам дар бознишастагӣ метавонад аз фарзандашон талаби алимент кунанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG