Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нафаҳмидам, ки ҳамсари шашуми ӯ шудам"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 25-уми ноябр дар Тоҷикистон 16 рӯзи мубориза бо хушунат ба зидди занон оғоз ёфт.

Барно (номи воқеии ин зан бо далелҳои ахлоқӣ нашр намешавад) соли 2013, замоне ки 32-сола буд ва бар асоси меъёрҳои маҳаллӣ "пирдухтар" шудаву гӯиё аллакай таҷрибаи муайяни зиндагӣ дошт, бори аввал издивоҷ кард.

Дар хонаи домоди 45-сола аз Бохтар, ӯро дар баробари хусуру хушдоман ва бародарони шавҳар, инчунин, панҷ фарзанди ҳамсараш аз ду зани аввал пешвоз гирифтанд. Танҳо се рӯз баъд аз хонадоршавии ин духтар аз ноҳияи Нуробод, маълум шуд, ки ӯ на зани дуюми ин мард, балки ҳамсари шашуми ӯ шудааст.

"Кор намекард. Панҷ сағера дошт. Аз як зан - ду ва аз зани дигар се кӯдак дошт. Ду зани дигараш бефарзанд буданд, онҳоро ҷавоб дода будааст. Маро бисёр азоб медод. Хонае, ки зиндагӣ мекардем, тиреза надошт. Фақат бо чароғ кор мекардам. Дар хонааш бо фарзандонаш, модараш, додаронаш, бо ман ҷанҷу ҷанҷол буд. Чунон азобам медод, ки кӯдаки дуюмам (аз батнам) ғалтид. Падару модарам омада, гӯё ба вақти мурданам бурданд".

Барно мегӯяд, ки танҳо ҳафт моҳи аввали зиндагӣ бо шавҳараш нисбатан ором гузашт, вале баъди таваллуди фарзанди аввал ва бешир монданаш, азиятҳои сахт шурӯъ шуд. Мегӯяд, шавҳараш бераҳмона фарзандонаш ва баъд ӯро "бо табару корд, бо белу каланд мезад". Бепуливу мӯҳтоҷӣ дар хонаи серҷамъият фазои хонаро ҳам олуда карда буд ва вақте ӯ аз шавҳар талоқ гирифт, маълум шуд, ки гирифтории бемории қанд шудааст. "Ҳоло ҳар рӯз дору мехӯрам, асабҳоям хароб шудааст",-мегӯяд ӯ. Хонаи волидонаш дар Нуробод бо ҳашт узви оила паноҳгоҳи ӯву духтарчааш шуд.

Барно мегӯяд, зиндагии оилавии якунимсолааш таҷрибаи талхи хушунату зӯроварӣ ва бемории сахту сангинро ба мерос гузошт, вале баробар бо ин як дарси муҳими зиндагӣ шуд. "Бояд таҳсил мекардаму касб меомӯхтам, то ки баъди талоқ дастнигари волидони пирам нашавам", мегӯяд Барно. Бо талошҳои созмони ҷамъиятии "Ғамхорӣ" дар Бохтар ва бо қарори додгоҳ шавҳари собиқи Барно муваззаф шудааст, ки ҳармоҳа пули алимент ё кӯмакпулии тарбияи фарзандро дар ҳаҷми 150 сомонӣ пардохт кунад.

"Шаб аст, рӯз аст - мезад"

Амина (исми ӯ ҳам бо далелҳои ахлоқӣ иваз шудааст), як сокини шаҳри Бохтар ҳоло 40 сол дорад. Издивоҷи ӯ дар соли 1997 баъди солҳои ҷанг умеде ба зиндагии хушу солими оилавӣ шуд. Вале латукӯбу таҳқирҳои пайвастаи шавҳар давоми чор соли зиндагӣ ӯро бо се фарзанд ва кӯдаки чорум дар батн аз "хонаи бахт" берун кард. "Ҳамеша мезад, шаб аст, рӯз аст - фарқ надошт, мезад. Мегуфт, ки маро дӯст намедорад. Ба ман калонҳо мегуфтанд, ки тоқат кун. Вале баъд нашуд, ба хонаи модарам баргаштам".

Амина мегӯяд, баъди талоқ натавонист аз шавҳараш алимент бигирад ва танҳо бо ёрии волидон як порча замини чорсотихӣ харида, кулбае бунёд кард ва ҳоло аз ҳисоби кори муваққаттӣ дар як хоҷагии деҳқонӣ гаҳ-гоҳе пул меёбад. Писари калониша баъди дарс дар кӯчаву бозорҳои шаҳри Бохтар мардикорӣ мекунад ва ҳоло ба марди хона табдил шудааст.

"Зан бояд хушунатро таҳаммул кунад"?

Масъалаи хушунат дар оила барои Тоҷикистон як мушкили доғ боқӣ мемонад. Ҳарчанд дар ин замина омори дақиқе вуҷуд надорад, вале муҳаққиқони созмони Human Rights Watch, ки ин мавзӯъро дар гузориши ҷудогонае ("Хушунат дар ҳар қадам") таҳлил кардаанд, мегӯянд, хушунат дар оилаи тоҷик як падидаи маъмулӣ ва паҳншуда аст. Аз ҷумла, дар як пурсиши гурӯҳи "Таҳлил ва машварат" ва созмонҳои давлативу байналмилалӣ маълум шудааст, ки беш аз 70 дарсади мардону занон дар Тоҷикистон бовар доранд, ки зан "бояд ба хотири ҳифзи оила" хушунатро таҳаммул кунад.

Ҷомеашиноси тоҷик Марям Давлатова, ки аз солҳои 1990-ум дар амри боло бурдани ҳуқуқи зан кор кардааст, мегӯяд, решаи мушкил дар ин аст, ки "мо ҳанӯз ба ҳадди пешгирӣ нарасидаем". Ӯ дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт, "чорабиниҳои пешгирӣ аслан вуҷуд надоранд. Одамон ба хонадорӣ омода нестанд, барои сохтани муносибат бо одами нав, бо ҳамсар, бо хешу табори ҳамсар омода нестанд ва мо ҳам ин донишҳоро ба онҳо дода натавониста истодаем. Ҳама коре, ки ҳам аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам ватанӣ карда мешавад, ин чорабиниҳои баъди хушунат аст".

Мушкили калидие, ки дар ин замина вуҷуд дорад, ба қавли Давлатова, ин камбуди шадиди паноҳгоҳ ва муассисаҳои ёридиҳанда ба қурбониҳои хушунат аст. Феълан дар Тоҷикистон танҳо чор паноҳгоҳ амал мекунад, ки дар асл тавони ҳимояти ҳама қурбониҳои зӯровариву хушунатро надорад.

Мубориза бо хушунат дар оила, ба қавли Давлатова, аз он ҷиҳат ҳам мушкил аст, ки ходимони ҳифзи ҳуқуқ бисёр вақт шикоят бар асоси моҷароҳои оилавиро ҷиддӣ намегиранд ва ҳатто дар сурати шадидтар шудани қонун дар заминаи муҷозоти хушунат, "суол ин аст, ки он иҷро мешавад ё на?".

Зимнан, ҳукумати Тоҷикистон дар гузоришаш ба унвонии Кумитаи СММ оид ба манъи табъиз нисбати занон гуфт, ки соли 2017 аз миёни наздики 1296 шикоят, 65 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар 1003 ҳолат аризаи даъвогарон рад шудааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

XS
SM
MD
LG