Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ вазири мудофиаи Қазоқистонро то 15 сол зиндон таҳдид мекунад


Мурод Бектанов, собиқ вазири дифои Қазоқистон.
Мурод Бектанов, собиқ вазири дифои Қазоқистон.

Мурод Бектанов, вазири пешини мудофиаи Қазоқистон, ки баъди ҳаводиси моҳи январи соли ҷории он кишвар боздошт шуд, мумкин аст, аз 7 то 15 сол зиндонӣ гардад.

Бино ба иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, нисбати Бектавон бо моддаи "Берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ дар вазъияти ҷангӣ" парванда боз шудааст.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон пештар гуфта буд, ки неруҳои мусаллаҳ ҳангоми ҳодисаҳои моҳи январ "ба далели нобоварӣ ва беамалии роҳбарон натавонистанд, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо ба дурустӣ анҷом диҳанд".

"Вазир Бектанов ташаббуси фармондеҳӣ надошт. Бо доштани артише, ки ҳангоми машқҳо натиҷаҳои хуб нишон дода буд, мо натавонистем, аз зарфияти он дар ҳолати изтирорӣ истифода барем ва маҷбур шудем, ки аз хориҷ кӯмак дархост кунем", - гуфта буд Тоқаев.

Мурод Бектанови 56-сола 20 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд. Вай моҳи августи соли 2021 ба мақоми вазирӣ таъйин гардида буд.

XS
SM
MD
LG