Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда ба зидди як қирғизистонӣ барои иштирок дар ҷанги Украина


Идрис Қодирқулов, сафири Қирғизистон дар Украина
Идрис Қодирқулов, сафири Қирғизистон дар Украина

Сафири Қирғизистон дар Украина Идрис Қодирқулов ҷузъиёти парвандаеро, ки аз сӯи Кумитаи амнияти он кишвар зидди як қирғизистонӣ бо гумони иштирок дар ҷангҳои Украина боз шудааст, ошкор кард.

Ба гуфтаи дипломат, масъулони сафорати Қирғизистон ҳанӯз дар оғози ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Украина ба ин шаҳрванди кишварашон пешниҳод карданд, ки метавонанд ӯро бепул ба ватан баргардонанд ва чандин бор ҳам ҳушдор доданд, ки иштирок дар ин ҷанг ғайриқонунӣ аст.

"Ӯ нахост ба Қирғизистон баргардад. Дертар маълум шуд, ки ба кормандони беҳдоштие, ки дар дифои минтақавӣ хидмат мекунанд, мадад мерасонад. Ин иттилоъ фавран ба мақомоти дахлдори Қирғизистон расонида шуд", - афзудааст сафир.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 14-уми май гуфт, саҳифаи як шаҳрванди ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоиро ошкор кардааст, ки дар он аксу видеоҳо аз ҷанг дар Украина нашр карда мешаванд.

Соҳиби саҳифа шаҳрванди Қирғизистон К.А. мебошад, ки моҳи декабри соли 2021 барои муҳоҷирати корӣ ба Украина рафтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 256-уми Кодекси ҷиноии Қирғизистон (Иштирок кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон дар даргириҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлати хориҷӣ ё омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ) парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG