Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми май бо сафари корӣ ба Маскав рафтааст. Тибқи иттилои расонаҳои давлатӣ, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД), ки 30 сол пеш ташкил шудааст, иштирок хоҳад кард.
Котиботи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ қаблан иттилоъ дода буд, ки дар ин мулоқот президентҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Русия ва сарвазири Арманистон низ иштирок мекунанд.
Интизор меравад, сарони СПАД масоили калидии ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмон, мушкилоти мубрами байнулмилалӣ ва минтақаӣ, ҳамчунин, чораҳои минбаъдаи низоми амнияти дастҷамъиро баррасӣ кунанд.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви созмон ҳастанд.
Ин созмони низомӣ таҳти нуфузи Русия мебошад ва бо таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои Украина, коршиносон бар ин назаранд, ки ояндаи СПАД аз муваффақият ё бохти Маскав вобаста аст.