Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатораҳо миёни Қазоқистону Узбекистон ба ҳаракат медароянд


Қатораҳо аз самти Узбекистон ба Қазоқистон ҳафтае се бор - сешанбе, ҷумъа ва якшанбе ҳаракат хоҳанд кард
Қатораҳо аз самти Узбекистон ба Қазоқистон ҳафтае се бор - сешанбе, ҷумъа ва якшанбе ҳаракат хоҳанд кард

Ширкати "Узбекистон темир йуллари" хабар додааст, ки аз 15-уми майи имсол ҳаракати қатораҳо миёни ин кишвар ва Қазоқистон аз сар гирифта хоҳад шуд.

Қарор буд, ҳаракати қатораҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои ду кишвар 2 майи оғоз шавад, вале ба далели ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Қазоқистон ба таъхир гузошта шуд.

Ҳаракати қатораҳо дар масири "Нуқус – Бейнеу (Қазоқистон) – Нуқус" роҳандозӣ хоҳад шуд. Қатораҳо аз самти Узбекистон ба Қазоқистон ҳафтае се бор - сешанбе, ҷумъа ва якшанбе ҳаракат хоҳанд кард.

"Равуо тавассути роҳи оҳан бо кишварҳои дигар дар асоси тавофуқи дуҷониба ба роҳ монда мешавад", - афзудааст Ширкати "Узбекистон темир йуллари".

Узбекистон ҳаракати қатораҳои мусофирбарро бо кишварҳои хориҷ моҳи марти соли 2020 ба иллати пандемияи коронавирус қатъ карда буд.

XS
SM
MD
LG