Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Қазоқистону Туркия барои ҳамкориҳои низомӣ


Қазоқистону Туркия дар бахши ҳамкориҳои низомӣ созишнома бастанд.

"Дар доираи сафари давлатии президенти Қазоқистон Қосимҷомрат Тоқаев ба Туркия чанд санаде ба имзо расид, ки "ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ байни Туркия ва Қазоқистонро ба танзим медароранд", -- омадааст дар хабари расмии вазорати мудофиаи Қазоқистон. Ин вазорат ҷузъиёт надодааст.

"Бо имзо кардани эъломияи умумӣ мо ҳамкориҳоямонро ба сатҳи нави шарикии стратегӣ расонидем. Туркияву Қазоқистон - ду кишвари бародар ҳастанд. Мо, Туркия, ба субот ва устуворӣ дар Қазоқистон таваҷҷуҳи зиёд мекунем", - гуфт Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия баъди мулоқот бо ҳамтои қазоқистониаш.

Дар маҷмуъ ҳайатҳои ду кишвар дар сафари Тоқаев ба Туркия 14 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо кардаанд.

XS
SM
MD
LG