Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хабарнигори телевизиони Ал-Ҷазира аз тири сарбозони исроилӣ кушта шудааст


Ширин Абуаклаҳ, хабарнигори маъруфи фаластинии телевизиони Ал-Ҷазира
Ширин Абуаклаҳ, хабарнигори маъруфи фаластинии телевизиони Ал-Ҷазира

Як хабарнигори телевизиони Ал-Ҷазира дар ҷараёни амалиёти сарбозони Исроил дар шаҳри Ҷенин дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун кушта шудааст.

Ширин Абуаклаҳ, хабарнигори маъруфи фаластинии ин телевизиони арабӣ аз тири туфанг ба ҳалокат расидааст. Телевизиони Ал-ҷазира сарбозони Исроилро ба қатли хабарнигор муттаҳам кард. Дар ҷараёни амалиёт як хабарнигори дигари фаластинӣ маҷруҳ шудааст. Артиши Исроил гуфт, ҳангоми амалиёт зери тирборони сахт қарор гирифтанд ва оташи ҷавобӣ кушоданд.

Дар баёнияи артиш омадааст, ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва фарзияи тир хӯрдани хабарнигорон аз дасти фаластиниёни мусаллаҳ низ тафтиш мешавад.

XS
SM
MD
LG