Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон барои таҳсил дар хориҷ стипендияи президентӣ медиҳанд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аз оғози барномаи стипендияҳои байналхалқии "Умеди мардум" хабар дод.

Ҷабборов дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки дар ин бора фармон имзо кардааст. Барнома ба ҷавонони қирғизистоние стипендия пешбинӣ мекунад, ки ба яке аз 100 донишгоҳи радаи аввали дунё барои идомаи таҳсил - магистратура ё докторантура шомил мешаванд.

"Мо ҳоло тасмим гирифтем, соли ҷорӣ 50 стипендия бидиҳем, ки ҳаҷми максималии як стипендия аз 50 ҳазор бештар нахоҳад буд. Авлавият ба бахшҳои техникӣ ва муҳандисӣ дода мешавад, аммо бахшҳои иқтисод ё илмҳои гуманитариро ҳам кӯмак мекунем", - навишт Ҷабборов.

Ба илова, дар Қирғизистон стипендияҳои президентӣ дар ҳаҷми наздики 600 доллар барои донишҷӯёне дода мешавад, ки дар донишгоҳҳои дохили он кишвар таҳсил мекунанд ва дар ҷараёни таҳсил нишондодҳои хуб доранд.

XS
SM
MD
LG