Низомиёни Қирғизистон, ки дар маъмурияти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамӣ (СПАД) барои "пос доштани сулҳ" дар Қазоқистон иштирок карда буданд, аз раисҷумҳури кишвари худ дархости кумак кардаанд.
Онҳо гуфтаанд, барои иштирок дар маъмурияти мазкур ҳанӯз ҳам ҳеч маблағе дарёфт накарданд.
"Мо ҳанӯз наметавонем маблағи сафари хидматиеро дарёфт кунем, ки барои анҷоми вазифаҳои ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Мегӯянд, дар Вазорати молия ин масъала ҳоло ҳам ҳал нашудааст. Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш мекунем, дар ҳалли он мусоидат намоед", - омадааст дар муроҷиати низомиён.
Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев дар шарҳи муроҷиати низомиён гуфт, "рӯзҳои наздик ба онҳо маблағи пешбинишуда пардохт хоҳад шуд".
Дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев аз СПАД мадади низомӣ хост ва нерӯҳои ин созмон дар ором кардани вазъи Қазоқистон ёрӣ расониданд. Ҷомеаи Қазоқистон ин дархости Тоқаевро танқид кард.
Фиристодани нерӯҳо аз кишварҳои СПАД дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон норозигиҳоро ба миён овард. Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон 6-уми январ дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ба Қазоқистон нерӯ фиристода нашавад.
Девони вазирони Қирғизистон аз сокинон даъват кард, ки қарори фиристодани нерӯ ба Қазоқистонро "дуруст ва бо ҳисси масъулият" қабул кунанд.