Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷинояткорони амрикоиро дар ТВ-и русӣ "собиқадорони ҷанг" муаррифӣ карданд


Акси Бонни ва Клайд, ки номашон дар таърих чун ҷинояткорҳои бераҳми солҳои 1930-юми Амрико сабт шудаанд, дар Интернет ва ҳам китобҳо дастрас аст
Акси Бонни ва Клайд, ки номашон дар таърих чун ҷинояткорҳои бераҳми солҳои 1930-юми Амрико сабт шудаанд, дар Интернет ва ҳам китобҳо дастрас аст

Дар як барномаи идонаи консертӣ ба муносибати Иди Ғалаба, ки рӯзи 9-уми май дар шабакаи аввали телевизиони Русия ("Первый канал") намоиш дода шуд, акси ду қотил ва ғоратгари ашаддии солҳои 1930-юми Амрико ҳамчун собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон намоиш дода шуд.

Аксҳои Бонни Паркер ва Клайд Бэрроу дар нигористони рӯи пардаи калони синамо ҳангоми сурудхонии Зара ба намоиш даромад.

Лаҳзаҳое, ки овозхон таронаи "Агар ҷанг набуд…"-ро иҷро мекард, акси Бонни ва Клайд, ки исмашон дар таърих чун ҷинояткорҳои ашаддии Амрико сабт шудааст, ба ҳайси ҷуфте намоиш дода шуд, ки гуё онҳоро Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ҳам ҷудо кардааст.

Дар асл ин акси Бонни ва Клайд, ки дар интернет ҳам мечархад, соли 1933, як сол пеш аз кушта шуданашон дар Амрико бардошта шудааст.

XS
SM
MD
LG