Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими Амрико ба зидди “Газпромбанк”-и Русия


Рамзи "Газпромбанк"
Рамзи "Газпромбанк"

Амрико гуфт, се шабакаи телевизиони Русияро, ки аз тарафи “Газпромбанк” сармоягузорӣ мешаванд, таҳрим мекунад.

Изҳороти мақомоти амрикоӣ баъд аз ҷаласаи ҳафт кишвари пешрафтаи иқтисодӣ бо ширкати онлайнии президенти Украина, Владимир Зеленский, садо дод.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ба ширкатҳои амрикоӣ ҳама гуна ҳамкорӣ, аз ҷумла, маблағгузории тарҳу реклама ё таъминоти телевизионҳои “Шабакаи аввал”, “Россия-1” ва НТВ манъ аст.

Мақомот гуфтанд, ширкатҳои амрикоӣ “набояд маблағгузори таблиғоти Русия бошанд”. Ба шаҳрвандону ширкатҳои амрикоӣ низ ҳама гуна хадамоти ҳуқуқӣ дар Русия манъ шудааст.

Бори аввал аст, ки ширкати “Газпромбанк” мавриди таҳрими амрикоиҳо қарор мегирад. Як мақоми Кохи Сафед, ки ин қарорро шарҳ медод, гуфт, “тасмим ба маънои пурра бастани ширкат нест. Мо дороиҳои “Газпромбанк”-ро масдуд ва ё кадом амалиёти бонкии онро манъ намекунем”.

Ӯ афзуд: “Мо паём медиҳем, ки “Газпромбанк” макони амн нест ва мо чанд раҳбари калони онро ба хотири эҷоди як ҳолати нороҳаткунанда таҳрим мекунем.”

Дар изҳорот раҳбарони Гурӯҳи ҳафтгона итминони хотир доданд, ки пуштибонии Украинаро идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG