Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии баҳсбарангез дар Душанбе. Ёдоварӣ аз қурбониёни ҷанг ё таблиғоти Русия? АКС, ВИДЕО


Маъракаи "Полки ҷовидон", ки мухолифонаш таблиғоти Русия мепиндоранду ҷонибдоронаш ёдоварӣ аз қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон меноманд, рӯзи 9-уми май дар Душанбе баргузор шуд. Роҳпаймоён аз кӯчаи "Дӯстии халқҳо" (назди бинои пешини Донишкадаи молиёт) то "Боғи ғалаба"-и пойтахт ҳаракат карданд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Раҳпаймоии баҳсбарангез дар Душанбе баргузор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари ҳамлаи Русия ба Украина баргузории "Полки ҷовидон" дар баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ мухолифатҳоеро ба миён овардааст. Дар Қазоқистон рӯзи 9-уми май маъракаи "Ба қаҳрамонон таъзим мекунем" баргузор шуд. Муовини раиси порлумони Узбекистон моҳи апрели имсол гуфта буд, "Полки абадӣ" намоиши нерӯи заиф ва як абзори таблиғи Иттиҳоди Шӯравӣ аст."

Рӯзи 9-уми май дар "Боғи ғалаба"-и Душанбе гузашти низомӣ низ баргузор шуд. Як рӯз пеш аз он сафирони Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва кордори сафорати Украина дар Душанбе ба ёди қаҳрамонон ва қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гул гузоштанд. Баъзе аз гулҳо ранги сафеду кабуд ва зард доштанд ва ба парчами Украина монанд буданд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 9-уми май дар мавриди ҳамлаи кишвараш ба Украина ва таъсири он нахост суҳбат кунад, вале гуфт, барои баргузории раҳпаймоии "Полки ҷовидон" шаҳрдории Душанбе иҷозат дод. Намояндагони ҳукумати пойтахт нахостанд, тафсилот диҳанд.

Ҳарчанд иддае ба ин назаранд, ки роҳпаймоии "Полки ҷовидон" ба ёди қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зарур аст, шахсоне низ ҳастанд, ки имсол ба далели ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина аз ширкат дар он парҳез кардаанд.

Раҳпаймоии "Полки ҷовидон" дар ду соли охир ба сабаби пандемияи COVID-19 баргузор нашуда буд.

"Полки абадӣ" аз соли 2011 дар Русия ва баъзе аз кишварҳои дигар бо нияти, ба гуфтаи мақомот, поси хотири қурбониёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон баргузор шуда, ҳар хонаводае, ки наздиконашон дар ҷанги 1941-1945 иштирок кардаанд, 9-уми май бо акси калони онҳо ба кӯча мебароянд.

Ин роҳпаймоӣ дар аввал ташаббуси хабарнигори телевизиони ТВ-2-и шаҳри Томск буда, аз соли 2015 ба ин сӯ онро Ҷабҳаи мардумии умумирусиягӣ баргузор мекунад.

Мухолифони он дар Тоҷикистону кишварҳои дигар бовар доранд, баргузории раҳпаймоӣ бо раҳбарии намояндагиҳои Русия ҳолати таблиғотӣ дошта, султаи Иттиҳоди Шӯравиро ёдовар мешавад ва истиқлоли давлатҳоро халалдор мекунад. Дар баъзе аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба ин раҳпаймоӣ иҷозат намедиҳанд.

Ба иттилои раҳбарияти Иттиҳоди сарбозони интернатсионалист, ин созмон дар Душанбе ҳудуди 5 ҳазор узв дорад, ки аз пайвандону наздикони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ иборатанд. Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо гузашти 77 сол аз поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон 58 нафар аз собиқадорон мондаанд.

XS
SM
MD
LG