Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Полки абадӣ" -- таърихи гузашта ё бузургманишии русӣ?


Мақомоти Тоҷикистон барои баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ" иҷозат доданд. Қарор аст ин чорабинӣ рӯзи 9-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур дар умури робита бо ҷомеа рӯзи 8-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки барои баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ" иҷоза дода шудааст. Ҷаноби Раҳмонзода аз ин бештар шарҳ надод ва танҳо гуфт, роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор мешавад ва барои ин иҷозат дода шуд.

Шоми рӯзи 7-уми май масъулини идораи "Россотрудничество" дар Тоҷикистон низ тариқи сафҳаи фейсбукии худ хабар доданд, ки мақомоти тоҷик барои баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ" иҷозат доданд. Ба иттилои "Россотрудничество", роҳпаймоӣ соати 10-и субҳ аз назди театри "Лухтак" шурӯъ мешавад. Масъулини ин идора аз ҳама хоҳишмандон даъват кардаанд то дар ин роҳпаймоӣ иштирок кунанд.

"Бессмертный полк" ё "Полки абадӣ" як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо аксҳои бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад. Ҳадафи аслӣ аз он арҷгузорӣ ба заҳмати сарбози ҷанг ва қурбониҳои ӯ дар ин муқовимат бо Олмони нозӣ аст.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле барои гузаронидани ин роҳпаймоӣ иҷоза медиҳанд, ки дар чанд кишвари дигар собиқ Шӯравӣ баргузории он иҷоза дода нашуд. Аз ҷумла, дар остонаи Рӯзи Ғалаба дар Витебски Беларус раҳпаймоии "Бессмертный полк"-ро манъ карданд ва дар Минск ҷояшро иваз намуданд. Дар Оқтеппаи Қазоқистон низ чунин маърака баргузор намешавад. Моҳи марти соли равон президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, "қатъиян зидди чунин маъракаҳост ва бояд шакли беларусии он "Беларус ёд дорад" пуштибонӣ шавад.

Соле пеш раҳпаймоии "Бессмертный полк"-ро дар Душанбе низ манъ кардан мехостанд ва андешаҳои амниятиро сабаб меномиданд, вале бо вуҷуди чунин мавзеъгирии шаҳрдории Душанбе, раҳпаймоии тарафдорони маърака баргузор гашта буд.

Айни чунин ҳол ду сол пеш низ иттифоқ афтод ва мақомот гуфтанд, аксу портретҳои шахсони фавтидаро ба даст гирифтану ба хиёбон баромадан хилофи арзишҳои исломист. Он замон низ раҳпаймоӣ баргузор гашта буд.

"Ин таърихи гузаштаи мо аст"

Роҳпаймоии "Полки абадӣ" дар Тоҷикистон тарафдорон ва мухолифони худро дорад. Тарафдорони ин кор мегӯянд, ҳадаф аз он танҳо поси хотири гузаштагонаш аст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд. Аммо мухолифони ин кор мегӯянд, баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ", ки носталжӣ ба Шӯравиро бедор мекунад, зарурат надорад.

Муҳайё Нозимова.
Муҳайё Нозимова.

Муҳайё Нозимова давоми се соли ахир дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" иштирок мекунад. Нозимова мегӯяд, бо ин кор ӯ хотири бобояш Хайрулло Асоевро пос медорад, ки давоми чаҳор сол дар ҷабҳаи ҷанг буд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ба ин роҳпаймоӣ ҷанбаи сиёсӣ додан нодуруст аст.

Зеро ба қавли ӯ, "хоҳем ё нахоҳем ин таърихи гузаштаи мо аст. Маҳз ба матонати гузаштагонамон, мо дар дигар сатҳ зиндагӣ мекунем. Ҳар коре, ки бобоҳои мо карданд, ба хотири сулҳи мо буд. Ҳамчун нафари солимақл вазифаи худ медонам, ки ҳамин эҳтиромро нигоҳ дорам".

"Коршинос: Ҳадаф бузургманишии русӣ аст"

Коршиносон мегӯянд, ҳадаф аз пойфишории Русия ба ин чорабинӣ, ин таблиғи "бузургманишии русӣ" аст.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, худи идеяи баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ" бад нест, вале паҳлуи манфиаш он аст, ки ин чорабинӣ аз сӯи мақомоти рус барои пеш бурдани сиёсати худ истифода мешавад. Ба гуфтаи таҳлилгар, Русия бо ин кор мехоҳад ҳампаймонҳои худ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро дар меҳвари сиёсати худ нигоҳ дорад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.

Абдумалик Қодиров дар посух ба суоли он, ки мақомоти тоҷик чаро ба ин чорабинӣ мушкил доранд гуфт, "Русия ҳамчун рамзи ин иқдом лентаи георгеро истифода мекунад, ки нишонаи ҳамон бузурманишии русиро дорад. Шояд аз ин хотир мақомоти тоҷик мехоҳанд худро аз ин иқдом дур гиранд. Дуюм сабабе, ки шояд мақомоти тоҷик намехоҳанд чунин иқдомҳо роҳандозӣ шаванд ин аст, ки таҷаммуи мардумон ҳамеша барои мақомоти имрӯзаи Тоҷикистон як хатар маҳбус мешавад".

Аммо ин коршинос мегӯяд, мақомоти тоҷик бо таъсири сиёсати ҳукумати Русия наметавонистанд ба ин кор иҷоза надиҳанд.

Ҳамасола рӯзи 9-уми май дар аксар шаҳрҳои Русия роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор мешавад ва хешу табори иштирокдорони ҷанг бо аксҳои онҳо ба кӯчаҳо мебароянд. Вале дар бархе аз кишварҳо ин маъракаро "таҷассуми нуфузи Русия" меноманд ва ба он мухолиифат меварзанд.

Солҳои гузашта на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамсоякишварҳое мисли Узбекистон ва Қирғизистон ҳам ин раҳпаймоӣ мухолифони зиёде пайдо карда буд. Дар гузашта мақомоти кишварҳои назди Балтик, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам ба баргузории маросими "Полки абадӣ" ва ба бар кардани лентаҳои георгиевӣ монеъ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG