Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар Душанбе баргузор шуд. ВИДЕО, АКС


Роҳпаймоии имсолаи “Полки абадӣ” дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, хеле маҳдуд баргузор шуд. Ба фарқ аз солҳои гузашта, ҳукумати пойтахт ба даҳҳо нафар аз иштирокдорони роҳпаймоӣ иҷоза надод, ки акси бобоҳои худ дар даст дар кӯчаву хиёбонҳо қадам зананд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар Душанбе баргузор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Субҳи барвақти 9-уми май дар атрофи майдони Ғалаба (маъруф ба “Танк”) ва роҳҳое, ки ба сӯи “Боғи Ғалаба” мебарад, кормандони пулис зиёд дида мешуд. Иштирокдорони “Полки абадӣ” дар оғоз тасмим доштанд, ки дар майдони Ғалаба ҷамъ омада, то “Боғи Ғалаба” роҳпаймоӣ кунанд. Вале кормандони пулис ба ҳар гуна таҷаммуъ дар ин макон иҷоза намедоданд ва аз шахсоне, ки ба акси наздиконашон ба инҷо меомаданд, талаб мекарданд, ки ба “Боғи Ғалаба” раванд.

Дар ниҳоят иштирокдорони роҳпаймоии “Полки абадӣ” то наздикии дарвозаи Боғи Ғалаба бо нақлиёт омада, аз он онҷо то ба назди “Оташи ҷовидон”-и ин боғ расиданд. Чорабинии имсолаи “Полки абадӣ” асосан дар ҳудуди “Боғи Ғалаба” ва назди “Оташи ҷовидон” баргузор шуд.

Аксҳои бештарро дар инҷо бибинед:

Баъзе аз манобеъ гуфтанд, то баргаштани раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз «Боғи Ғалаба», ба ширкатдорони раҳпаймоии "Полки абадӣ" иҷозаи ҳаракат ба ин маҳал дода нашуд. Роҳпаймоии “Полки абадӣ” бо ташаббуси созмони собиқадорони ҷанг баргузор шудааст. Шавкат Мирзоев, раиси созмони ҷанговарони интернатсионалист, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" ҳудуди 500 нафар иштирок карданд. Ба қавли Мирзоев, теъдоди иштирокдорони “Полки абадӣ”, ки бори сеюм дар Тоҷикистон баргузор мешавад, нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шудааст.

Аммо Созмони ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон дар посух ба суоли дарёфти иҷозатнома аз шаҳрдорӣ барои баргузории ин чорабинии ҷавоби мушаххас надод. Мирзоев дақиқан нагуфт, ки аз шаҳрдории Душанбе барои ин кор иҷоза гирифтаанд ё на.

Шавкат Мирзоев мегӯяд, ҳадафи онҳо аз баргузории роҳпаймоии “Полки абадӣ” танҳо гиромӣ доштани хотираи онҳоест, ки дар Ҷанги дувуми ҷаҳон ҷони худро аз даст додаанд. “Мехоҳем, ҷавонон аз қаҳрамонии падару бобоёнашон ибрат гирифта, дар сафи қувваҳои мусаллаҳ фидокорона хидмат кунанд”, - мегӯяд ӯ.

“Барои онҳое омадем, ки худро барои ватан фидо карданд”

Роҳпаймоии “Полки абадӣ” се соат идома кард. Абдувоҳид Собиров ба ин чорабинӣ барои гиромидошти хотираи падараш омадааст. Ӯ гуфт, падараш Абдуҳамид Собиров тақрибан аз оғоз то анҷоми ҷанг иштирок дошт ва бо захмҳои зиёд ба ватан баргашт.

“Падарам аз Сталинград то Булғористон рафта, ду дафъа ҷарроҳӣ шуданд. Инҷо ба хотири он ҷанговароне омадем, ки барои зиндагии имрӯзаи мо ҷонашонро фидо карданд,” - мегӯяд Собиров.

Барои иштирок дар роҳпаймоии “Полки абадӣ” на танҳо сокинони Душанбе, балки намояндагони манотиқи дигари кишвар низ омада буданд. Аз ҷумла Дониш Худойдодов, омӯзгор аз шаҳри Панҷакент ба “Боғи Ғалаба”-и Душанбе омадааст, то хотираи амакашро, ки дар ҷанг қурбон шуд, гиромӣ дорад.

Вай гуфт, амакаш Хӯҷабобо Зиёев дар ҷангҳои вилояти Калинин кушта шуд ва соли 1943 хонаводааш хати сиёҳи ӯро гирифтанд. Дониш Худойдодов соли дувум аст, ки барои иштирок дар роҳпаймоии “Полки абадӣ” ба “Боғи Ғалаба” меояд.

Сабабҳои амниятӣ – омили манъи "Полки абадӣ"

Роҳпаймоии “Полки абадӣ” дар ҳоле сурат гирифт, ки як рӯз пеш дар шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ба сабабҳои амниятӣ ба баргузории ин маърака иҷозат дода нашудааст. Як мақоми шаҳрдории Душанбе рӯзи 8-уми май бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар пойтахт маъракаҳои зиёд доир мешавад, аммо дар миёни онҳо роҳпаймоии “Полки абадӣ” нест.

Соли гузашта низ Тоҷикистон барои баргузор кардани “Полки абадӣ” дар шаҳри Душанбе иҷозат надода буд. Мақомот гуфта буданд, бинобар вазъияти печидаи амниятӣ дар Афғонистон ва хатари амалҳои террористӣ, амнияти ширкатдорони “Покли абадӣ”-ро таъмин карда наметавонанд.

Бар изофа дар як шарҳе, ки дар вебсайти «Ховар» нашр шуд, гуфта шуд, нашри сурати гузаштагон ва намоиш додани он дар роҳпаймоӣ ба арзишҳои дини Ислом, ки аксарият дар Тоҷикистон пайрави он ҳастанд, мухолиф аст. Аммо дар ниҳоят ин раҳпаймоӣ дар доираи маҳдуд баргузор шуда буд.

Чаро “нигаронӣ” аз “Полки абадӣ”?

“Полки абадӣ” як роҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони иштирокдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо акси бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG