Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раҳпаймоӣ -- мамнуъ!" Чаро дар Беларус ва Қазоқистон "Бессмертный полк"-ро манъ карданд


"Бессмертный полк" дар Минск, 2018

Дар остонаи Рӯзи Ғалаба дар Витебски Беларус раҳпаймоии "Бессмертный полк"-ро манъ карданд, дар Минск ҷояшро иваз. Дар Оқтеппаи Қазоқистон низ чунин маърака баргузор намешаад.

Соле пеш раҳпаймоии "Бессмертный полк"-ро дар Душанбе низ манъ кардан мехостанд ва андешаҳои амниятиро сабаб меномиданд, вале бо вуҷуди чунин мавзеъгирии шаҳрдории Душанбе, раҳпаймоии тарафдорони маърака баргузор гашта буд. Айни чунин ҳол ду сол пеш низ иттифоқ афтод ва мақомот гуфтанд, аксу портретҳои шахсони фавтидаро ба даст гирифтану ба хиёбон баромадан хилофи арзишҳои исломист. Он замон низ раҳпаймоӣ баргузор гашта буд.

Алҳол маълум нест, оё аризаи баргузории чунин раҳпаймоӣ имсол ба мақомот супурда шудааст ё не, вале гуфта мешавад, омодагиҳо ба ин маърака ҷараён доранд.

Дар шаҳри Витебски Беларус ба дархости як гуруҳи чапгаро ва чанд созмони ғайридалватӣ дар бораи баргузории раҳпаймоии оммавии "Бессмертный полк" посухи рад доданд ва гуфтанд, чунин маърака имкон надорад.

Дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Минск ба раҳпаймоӣ иҷоза доданд, вале макони онро дигар карданд. Қарор шуд, на раҳпаймоӣ, балки ҷамъомаде дар назди Осорхонаи анҷумани якуми РСДРП (Ҳизби сотсиал-демократи Русия, ки баъдан ба Ҳизби коммунист табил ёфт) баргузор гардад.

Моҳи марти соли равон президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки "қатъиян зидди чунин маъракаҳост ва бояд шакли беларусии он – "Беларус ёд дорад" пуштибонӣ шавад.

Раҳпаймоии "Бессмертный полк" дар Беларус вокунишҳои омехта ба бор меорад. Бахше аз аҳолӣ онро ба таъсири Русия бастагӣ медиҳад ва бахше аз он норизост, ки ширкаткунандагони ин маърака бо портретҳои Сталин ба хиёбонҳо мебароянд.

Соли 2018 шаҳдории Минске аввал ба ин раҳпаймоӣ иҷоза надод ва аз созмондиҳандагони он хост, бо мардум бипайванданд, вале расонаҳои ахбори оми Русия аз тарафадорони раҳпаймоӣ хостанд, бе ягон иҷоза ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бароянд.

Дар Қазоқистонин раҳпаймоӣ одатан дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон ҷараён мегирад. Ба ин баҳона шаҳрдории Оқтеппа ба баргузории он иҷоза надод. Шаҳрдор Илёс Испанов гуфт, чунин раҳпаймоӣ ба ҳаракати нақлиёт халал хоҳад расонд.

"Бессмертный полк" ё "Полки абадӣ" як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо аксҳои бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад. Ҳадафи аслӣ аз он арҷгузорӣ ба заҳмати сарбози ҷанг ва қурбониҳои ӯ дар ин муқовимат бо Олмони нозӣ аст.

Акнун ҳар сол рӯзи 9 май дар аксар шаҳрҳои Русия роҳпаймоии "полки абадӣ" баргузор мешавад ва хешу табори иштирокдорони ҷанг бо аксҳои онҳо ба кӯчаҳо мебароянд. Вале дар бархе аз кишварҳо ин маъракаро "таҷассуми нуфузи Русия" меноманд ва ба он мухолиифат меварзанд.

Солҳои гузашта на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамсоякишварҳое мисли Узбекистон ва Қирғизистон ҳам ин раҳпаймоӣ мухолифони зиёде пайдо карда буд. Дар гузашта мақомоти кишварҳои назди Балтик, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам ба баргузории маросими "Полки абадӣ" ва ба бар кардани лентаҳои георгиевӣ монеъ шуда буданд.

Нусхаи аввалияи ин мақола дар сомонаи Настоящее время ин ҷост

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG