Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, 1 киштӣ ва 2 ҳавопаймои ҷангии Украинаро нобуд кард


Ҳавопаймои Су-24 аз неруҳои Украина. Акс аз бойгонист.
Ҳавопаймои Су-24 аз неруҳои Украина. Акс аз бойгонист.

Вазорати дифои Русия рӯзи 8-уми май эълон кард, ки як киштии ҷангии Украинаро дар наздикии шаҳри Одесса бо зарби мушак аз байн бурданд.

Вазорат гуфт, мушак ба нови ҷангии “Проҷект 1241”, ки низомиёни НАТО онро “Анкабут” меноманд, бархӯрдааст.

Дар баёнияи вазорат омадааст, ки неруҳои ҳавоии Русия ҳамчунин шаби гузашта ду ҳавопаймои бомбаафкани украинии Су 24 ва як ҳавопаймои Ми-24-ро дар фазои Ҷазираи Змейиний нобуд кардаанд.

Тасдиқи ин гузориш аз манобеи мустақил номумкин аст ва мақомоти Украина ҳам дар ин бора то ҳол чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG