Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА 150 миллион доллари дигар ба Украина кумаки низомӣ мекунад


Як бахши кумакҳои ИМА аллакай ба Украина расидааст.
Як бахши кумакҳои ИМА аллакай ба Украина расидааст.

Ҷо Байден, президенти ИМА, бастаи нави кумакҳои низомӣ ба Украинаро тасдиқ кард.

Ин кумак аз тирҳо барои тупхонаҳо ва таҷҳизоте, ки дар осмон ҳавопаймоҳоро шиносоӣ мекунад, иборат аст. Ба гуфтаи Пентагон, ҳаҷми ин кумак 150 миллион долларо ташкил медиҳад.

Ҷо Байден гуфт, ки ин кумаҳо фавран ба Украина расонида мешаванд.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи Амрико, 25 ҳазор тир барои тупхонаҳо ва таҷҳизоти шиносоии ҳавопаймоҳо, ки аз он "AN/TPQ-36" ном мебаранд, ба Украина фиристода хоҳад шуд.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ИМА ба ин кишвар 3,8 миллиард доллар кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG