Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Беларус дӯстдухтари блогери мухолифро барои шаш сол зиндонӣ кард


Софиа Сапега дар мурофиаи додгоҳӣ
Софиа Сапега дар мурофиаи додгоҳӣ

Додгоҳи Беларус дӯстдухтари блогере, ки соли гузашта ба хотираш ҳавопаймои ширкати литвониро дар Минск поин оварда буданд, ба шаш соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳукми Софиа Сапегаи 24-сола, шаҳрванди Русия, рӯзи 6-уми май содир шудааст. Ба гуфтаи масъулони маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон бо номи “Вясна”, муҳокима шаш ҳафта пушти дарҳои баста идома кардааст. Мақомоти Беларус баҳона кардаанд, ки агар мурофиа боз сурат гирад, шояд маълумоти сиррӣ ошкор шавад.

Сапегаро ба он муттаҳам кардаанд, ки дар саҳифае дар Телеграм маълумоти шахсии нерӯҳои амниятии Беларусро нашр кардааст.

Наздикони ӯ ва мухолифон иддаои мақомоти Беларусро беасос медонанд.

Софиа Сапега ва дӯстписараш Роман Пратасевич, хабарнигори беларусӣ, соли гузашта дар пайи фуруди иҷбории як ҳавопаймо дар Минск боздошт шуданд.

Кишварҳои зиёди ҷаҳон раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенкоро барои гаравгон гирифтани ҳавопаймо барои боздошти Пратасевич ва дӯстдухтари русаш София Сапега маҳкум карда буданд.

Ин ҳавопаймо 23-юми майи соли 2021 дар масири худ аз Афина ба Вилнюс аз сӯи мақомоти Беларус ба фуруди изтирорӣ маҷбур карда шуд. Мақомоти Беларус гуфтанд, ки ҳавопаймо бинобар таҳдиди бомба поин омад. Кишварҳои ҷаҳон ба ин иддаои Беларус бовар накарданд.

Роман Пратасевичро мақомоти беларусӣ ба он муттаҳам кардаанд, ки дар як канали телеграмии пуртарафдор мардумро ба сарнагунии ҳукумат даъват кардааст. Ҳанӯз сарнавишти худи ин блогер маълум нест.

XS
SM
MD
LG