Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон Вазорати адлияро ба додгоҳ мекашанд


Фаъолони мухолифин ва намояндагони Вазорати адлияи Қазоқистон. Нурсултон, 5-уми майи 2022
Фаъолони мухолифин ва намояндагони Вазорати адлияи Қазоқистон. Нурсултон, 5-уми майи 2022

Вазорати адлияи Қазоқистон рӯзи 5-уми май санадҳои фаъолони мухолифро, ки барои сабтиноми ҳизби нави "Алга, Қазоқистон!" пешниҳод карда буданд, пас гардондааст.

Ин ниҳод дар посух ба дархости фаъолон, ки хостанд, сабаби радди санадҳои онҳо шарҳ дода шавад, гуфтааст, баъзе аз маълумот дар рӯйхати имзоҳо ва асноди пешниҳодӣ пурра нестанд.

Фаъолони қазоқ гуфтанд, бо ин хулосаи Вазорати адлияи кишвари худ розӣ нестанд ва ҳамаи маълумоти пешниҳодшуда комил мебошад.

Узви гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нав Асет Абишев гуфт, рад шудани асноди онҳо "ангезаи сиёсӣ" дорад ва мақомоти қазоқ намехоҳанд, "Алга, Қазоқистон!"-ро сабтином кунанд.

Намояндаи Вазорати адлияи Қазоқистон Гулмира Ламашарипова аз шарҳи қазия худдорӣ кард.

Фаъолони қазоқ мегӯянд, барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG