Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни узбек баъди баргашт аз Украина бо мушкил дучор шуданд


Донишҷӯёни узбеки Донишгоҳи Харков
Донишҷӯёни узбеки Донишгоҳи Харков

Донишҷӯёни Узбекистон, ки дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекарданд, мегӯянд, баъди баргаштан ба ватан бо мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Онҳо мегӯянд, сарфи назар аз дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба ниҳодҳои дахлдор дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯёни баргашта тақдирашон номаълум мемонад.

Илҳомҷон Сюнов, донишҷӯи узбек, гуфт, асосан онҳое бо мушкил рӯбарӯ шуданд, ки дар донишгоҳҳои Украина таҳсилро фосилавӣ идома медоданд.

"Дар Вазорати маорифи Узбекистон ба мо гуфтанд, касе, ки дар Украина фосилавӣ таҳсил мекард, ба донишгоҳҳои кишвар интиқол дода намешавад. Ҳатто ягон далел ҳам пешниҳод накарданд", - изҳор дошт донишҷудухтаре бо номи Фотима

Тибқи дастури Шавкат Мирзиёев, донишҷӯёни узбеки донишгоҳҳои Украина бояд ба таври соддашуда, ба донишгоҳҳои кишвари худ интиқол дода шаванд.

XS
SM
MD
LG