Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Конфедератсияи футболи Осиё ба Душанбе омад


Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, раиси Конфедератсияи футболи Осиё.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, раиси Конфедератсияи футболи Осиё.

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, раиси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), рӯзи 5-уми май ба Душанбе омад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари корӣ раиси AFC Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ва дабири кулли AFC Датук Сери Виндзор Ҷон бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.

Инчунин, рӯзи 7-уми май дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти AFC ширкат мекунад.

Ёдовар мешавем, раиси AFC Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа моҳи сентябри соли 2019 дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе ташриф оварда буд. Ӯ бо раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати рушди футбол дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG