Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AP: дар ҳамлаи ҳавоӣ ба театри Мариупол наздики 600 кас кушта шудааст


Театри драмавии Мариупол қабл аз ҳамлаи Русия.
Театри драмавии Мариупол қабл аз ҳамлаи Русия.

Наздики 600 кас дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии артиши Русия ба театри драмавии Мариуполи Украина рӯзи 16-уми март кушта шудааст. Ин рақам тақрибан ду баробар бештар аз рақаме аст, ки мақомоти шаҳри Мариупол эълом карда буданд.

"Дар бинои театр наздики 1000 кас паноҳ бурда буданд", менависад хабаргузории Associated Press бо такя ба таҳқиқоти худ.

Рӯзноманигорони хабаргузории мазкур бо 23 тани зиндамонда суҳбат карда ва аксу наворҳои он фоҷиаро ба таҳлил гирифта, дар натиҷа ба чунин хулоса расидаанд. Рӯзноманигорони Associated Press намои 3D-и театрро сохтаанд. Шоҳидон дар асоси ин намо нишон додаанд, ки одамон дар кадом кунҷу канори дохили бинои театр паноҳ бурда буданд.

16 тан аз шоҳидон ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки бино пур аз паноҳандаҳо буд. Одамон дар утоқҳо ва долонҳо қарор доштанд. Ҳамаи пурсидашудаҳо гуфтанд, дар наздикии ошхонаи бино наздики 100 кас қарор дошт. Ҳамаи онҳо кушта шуданд.

Пулиси шаҳри Мариупол ва намояндагони Салиби Сурх гуфтанд, на камтар аз 500 кас дар ҳамлаи ҳавоӣ ба театр кушта шудааст. Associated Press аз эҳтимол дур намедонад, ки бархе аз кушташудаҳоро артиши Русия бо худ бурда бошад.

Дар аксҳое, ки аз кайҳон бардошта шудааст, дида мешавад, ки дар ҳавлии театр "кӯдакон" навишта шудааст. САҲА ҳамла ба театрро вайронсозии ҳуқуқи байналхалқии башарӣ ва ҷинояти ҷангӣ унвон кард.

Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, театри Мариуполро низомиҳои Украина таркондаанд. Аммо далели барои исботи ин даъво пешниҳод накардааст.

Мариупол шаҳри бандарии баҳри Азов аст, ки тақрибан ба хок яксон шудааст. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, на камтар аз 20 ҳазор сокини ин шаҳр кушта шудааст. То 90 дарсад биноҳои шаҳр хароб гардидаанд.

XS
SM
MD
LG