Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушӣ ё натиҷаи латукӯб? Зани 27-солаи тоҷик дар бемористон аз чӣ фавтид?


Замира Норқулова 27-уми апрели имсол дар бемористон даргузаштааст. Аксро падараш фиристод

Додситонии шаҳри Турсунзода сабабҳои марги як сокини 27-солаи деҳаи Хайрободи ин шаҳрро таҳқиқ дорад. Замира Норқулова рӯзи 27-уми апрели имсол дар бемористони марказии Турсунзода даргузашт. Пизишкон мегӯянд, ӯ аз хӯрдани ҳаб (таблетка)-и зиёд заҳролуд шуда буд ва наҷот наёфт.

"Баданаш сиёҳу кабуд буд"

Ҳамроҳ Норқулов, падари Замира Норқулова, рӯзи 3-юми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки духтараш 26-уми апрел аз тарафи шавҳараш латукӯб шудааст. Дар аксҳое, ки ӯ ба Радиои Озодӣ фиристод, дар дасту пойҳои Замира доғҳои сиёҳ дида мешавад. Ба иддаои падараш, «ин доғҳо осори латукӯб аст».

Тоҷиддин Ятимов, сардухтури бемористони шаҳри Турсунзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тамоми талошро барои наҷоти зан анҷом доданд, «вале дер шуда буд». Ба гуфтаи ӯ, «ҳанӯз ташхис сабаби марги ӯро маълум накардааст».

Дар Додситонии шаҳри Турсунзода гуфтанд, шоҳидон ва тарафҳоро дар пайванд ба ҳодиса мепурсанд. Нисбат ба марги ин сокини Турсунзода парванда кушода нашудааст.

“Шавҳари духтарам ронандаи Камаз аст. Ҳамон рӯз хостааст, духтари чорсолаашро бо худ барад, вале духтарам нагузоштааст. Ҷанҷол мешаванд ва ӯро мезанад. Духтурон гуфтанд, дору хурдааст, вале фикр мекунам, аз зарбу лат фавтидааст,” -- гуфт Ҳамроҳ Норқулов, падари Замира.

"Чанд шаппотӣ задам, вале..."

Як намояндаи Додситонии шаҳри Турсунзода гуфт, рӯзи 3-юми май Умедҷон Собиров, шавҳари Замира Норқуловаро бозпурсӣ карданд, вале мунтазири хулосаи ниҳоии ташхис ҳастанд.

Умедҷон Собиров, шавҳари Замира Норқулова, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ҷанҷол бо ҳамсарашро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, воқеан, ҳамон рӯз ҳамсарашро «чанд шаппотӣ зад», «вале ин сабаби марги ӯ набуд».

“Ман доруи асаб мехӯрам. Аз ҳамон доруҳо хӯрдааст. Мо ҷанҷол кардем, ба фикрам, ӯ хато карда, аз доруи ман хӯрдааст. Худкушӣ накардааст,” – илова кард ӯ.

Дар Додситонии шаҳри Турсунзода гуфтанд, агар ташхис худкушии ин занро собит кунад, он гоҳ парванда боз хоҳанд кард.

Худкушӣ ва ё қасди худкушии занон дар Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла хушунати хонаводагӣ, солҳои охир рӯ ба афзоиш аст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли гузашта тақрибан 250 мавриди худкушӣ ва ё кӯшиши худкушии занону духтарон сабт шудааст.

"Мехоҳанд қасос гиранд"

Равоншинос Олим Раҳимов бо занҳое, ки баъди кӯшиши худкушӣ зинда мондаанд, суҳбат кардааст. Ӯ мегӯяд, аксари онҳо дар сари қаҳру ғазаб қасд ба ҷони худ карда, «аз оқибаташ наандешидаанд».

«Онҳо мехоҳанд, қасос бигиранд. Наздиконашонро барои раво дидани ноадолатӣ нисбат ба онҳо пушаймон кунанд. Тасмимро дар ҳолати сахти ҳаяҷон мегиранд ва намеандешанд, ки интиқом онҳоро аз зиндагӣ маҳрум мегардонад. Ҳамеша бояд дар чунин ҳолат ба одамон фаҳмонд, ки садҳо роҳи дигаре ба ҷуз худкушӣ вуҷуд дорад,» -- афзуд ӯ.

Дар аксар маврид мақомот наздикони шахсеро, ки ба худкушӣ даст задааст, барои “ба худкушӣ расонидан” ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар ҳолатҳои дигар, худи фавтидагонро рӯҳан носолим меноманд ва нисбат ба касе парванда боз намешавад.

Дар чанд мавриди ангуштшумор шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) соли 2018 Зӯҳро Ҷӯрабекова, сокини 63-солаи ин ноҳияро дар худкушии келинаш Фаризаи Хӯҷаназар гунаҳкор донист ва панҷуним сол зиндонӣ кард. Додгоҳи шаҳри Турсунзода моҳи сентябри соли 2021 хушдомани як арӯси ҷавонмаргро ба гуноҳи ба худкушӣ расондани келинаш ба зиндон маҳкум кард.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG