Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷир дар Тоҷикистон, вале бо орзуи кору таҳсил дар Канада


Навиштае дар мактаби Сомониён дар Душанбе
Навиштае дар мактаби Сомониён дар Душанбе
Тақрибан нисфе аз фарзандони муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз таҳсил дар мактабҳои миёна дур мондаанд. Таҳсил дар ягона мактаби махсуси паноҳандагони афғонистонӣ -- "Сомониён" -- барои ҳамаи паноҳандагон дастрас нест ва бархе ҳам хондани фарзандонашонро дар мактабҳои тоҷикӣ зарур намешуморанд. Ояндаи норӯшани муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон рӯйи таҳсили фарзандонашон соя афкандааст.

"Ягон санад надоштам, қабул карданд"

Саҳар дар ин мактаб таҳсил мекунад
Саҳар дар ин мактаб таҳсил мекунад

Саҳар 15 сол дорад ва се сол пеш ҳамроҳи волидонаш аз шаҳри Кобул ба Тоҷикистон омад. Вай дар Афғонистон то синфи 9-ум хондааст, вале баъди омадан ба Тоҷикистон ду соли аввал таҳсил накард. Чун, ба гуфтаи худаш, ҳеч санаде надошт, собит кунад, ки ӯ дар ҳақиқат то синфи нӯҳум хондааст. Ба хотири надоштани санад, Саҳарро дар мактаби “Сомониён” - мактаби махсуси хонандагони афғонистонӣ - қабул накардаанд. Ҳамсуҳбати мо маҷбур шуд, барои таҳсил ба мактабҳои давлатии Тоҷикистон муроҷиат кунад.

“Баъзе наздикон гуфтанд, ки ягон ҳуҷҷат надорӣ, туро ба мактаб қабул намекунанд. Вақте ба идораи маорифи шаҳри Ваҳдат рафта, гуфтам, ки ҳеч санаде надорам, сарфи назар аз ин маро қабул карданд. Аввал давоми 2,5 моҳ хати кириллиро омӯхтам”, - нақл кард ин хонандаи афғонистонӣ.

Саҳар ҳоло дар мактаби рақами 5-и шаҳри Ваҳдат таҳсил мекунад. Ҳамроҳи ӯ дар ин мактаб ду нафари дигар аз Афғонистон ҳастанд.

“Ба ҷойи дарси мактаб забони англисӣ меомӯзем”

Аммо на ҳама фарзандони афғонистониҳо тавонистанд, баъди омадан ба Тоҷикистон таҳсилашонро идома диҳанд. Мизбо соли гузашта ҳамроҳи волидонаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон омад. Ӯ дар ватанаш то синфи 5 хондааст. Вале баъди омадан ба Тоҷикистон таҳсили Мизбои 11-сола бас шуд. Чун волидонаш дар талоши онанд, ки ҳарчӣ зудтар санадҳояшонро дуруст карда, ба Канада кӯчанд.

Суҳайл, як навраси дигари афғонистонӣ, низ аз таҳсил дур мондааст. Бар иваз, Суҳайли 13-сола дар як маркази забономӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат забони англисӣ меомӯзад. Дар маркази забономӯзӣ, ки аз сӯи паноҳандагони афғонистонӣ ташкил шудааст, ба гуфтаи паноҳандагон, беш аз ҳазор кас забони англисӣ меомӯзанд.

“Дар миёни фарзандони муҳоҷир бисёрашон мераванду забони англисӣ мехонанд. Вақте хешу табор аз Канада даъват карданд, баъд меравем”, - мегӯяд Суҳайл.

Фарзандони муҳоҷирони афғонистонӣ ҳангоми қабул ба мактабҳои Тоҷикистон дар навиштан мушкилӣ доранд. Зеро дар Афғонистон ҳуруфи форсӣ роиҷ ва дар Тоҷикистон ҳуруфи сириллик. Вале барои наврасон омӯхтани ҳуруфи сирилик бисёр душвор нест.

Аз се ҳазор фақат ҳазор нафар таҳсил мекунанд

Масъулини Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, дар Тоҷикистон наздик ба 14 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд. Тибқи омори ғайрирасмӣ, аз ин теъдод беш аз 3 ҳазор нафар навраси синни мактабӣ ҳастанд. Танҳо наздик ба ҳазор нафарашон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Беш аз 300 нафар дар мактаби “Сомониён” ва 610 нафар дар мактабҳои Тоҷикистон.
мактаби Сомониён
мактаби Сомониён

То соли 2000-ум дар Тоҷикистон се мактаби махсуси паноҳандагони афғонистонӣ “Истиқлол”, “Ориёно” ва “Сомониён” фаъол буд. Ба далели мушкилоти иқтисодӣ соли 2000 ҳар се муассиса якҷоя шуда, номи “Сомониёнро” гирифтанд. Ягона мактаби махсуси афғонистонӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар як бинои иҷора фаъолият мекунад. Ин мактаб ягона муассиса барои паноҳандагони афғонистонӣ аст, ки аз рӯи барномаи таълимии Афғонистон то синфи 12 ба хонандагон таълим медиҳад.

Фарзандони муҳоҷирони афғон аз шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ ба ин мактаб меоянд. Таҳсил дар ин мактаб пулакӣ аст. То суқути ҳукумати пешини Афғонистон ҳар хонанда моҳона ба мактаб 100 сомонӣ медод. Баъди ба сари қудрат омадани Толибон, расидани ёрӣ аз Афғонистон бас шуд ва масъулин маҷбур шуданд, арзиши таҳсили як нафарро аз 100 то 150 сомонӣ боло баранд. Бар иловаи 150 сомонӣ, боз ҳар хонанда барои омадан аз шаҳри Ваҳдат моҳона 400 сомонӣ роҳкиро харҷ мекунад.

навиштае дар мактаби Сомониён
навиштае дар мактаби Сомониён

Имсол созмони хайривии "Spirit of America" ба мактаби “Сомониён” кумак кард, то ба кораш давом диҳад. Аз ҷумла, бо мадади ин созмони амрикоӣ харҷи равуои 90 шогирди камбизоат пардохт мешавад. Аксари волидони хонандагон бояд моҳона барои таҳсили як нафар дар мактаби “Сомониён” ҳадди ақал 450 сомонӣ супоранд. Маҳз ин монеа боис шудааст, ки фарзандони бисёре аз паноҳандагон наметавонанд, дар мактаби “Сомониён” таҳсил кунанд.

Ҷунайд, як муҳоҷири афғонистонӣ 3 фарзанд дорад ва мегӯяд, барои таҳсили онҳо дар мактаби “Сомониён” моҳе дастикам ба 1800 сомонӣ ниёз дорад. Маблағе, ки Ҷунайд ва ҳам бисёре аз муҳоҷирон имкони пардохти онро надоранд. “Мо дар Тоҷикистон ягон ҷойи кор надорем, зиндагиамон аз ҳисоби кумаки хешу табор аз Канада мегузарад. Имкон надорам, ки моҳона барои таҳсили се фарзандам 1800 сомонӣ маблағ диҳам”, - мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Масъулини мактаби “Сомониён” мегӯянд, онҳо низ хароҷоти зиёд доранд ва наметавонанд, таҳсилро бепул кунанд. Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби “Сомониён” ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳона танҳо барои иҷораи бино 2,5 ҳазор доллар медиҳанд.

Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби афғонии Сомониён
Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби афғонии Сомониён

“Бар иловаи ин ба 35 муаллими худ маош медиҳем, пули барқу обро мепардозем ва мизу курсӣ мехарем. Мо китоб надорем, китобҳое, ки пештар аз Афғонистон оварда будем, онҳоро худамон нусхабардорӣ карда, барои хонандагон китоб тайёр мекунем. Барои хариди рангу коғаз ҳам маблағ зарур аст”, - хулоса мекунад мудири мактаби “Сомониён.”

Баъзе паноҳандагони афғонистонӣ пешниҳод доранд, ки мактаби “Сомониён” аз шаҳри Душанбе ба Ваҳдат кӯчонида шавад. Чун ба гуфтаи паноҳандагон, дар ин сурат хароҷот барои роҳ аз байн меравад. Масъулин мегӯянд, мактаби “Сомониён” дар соли 2000 замоне таъсис ёфт, ки паноҳандагони афғонистонӣ дар Душанбе зиндагӣ мекарданд.

“Таҳсил дар мактабҳои тоҷикӣ бефоида аст”

Аз паноҳандгони афғонистонӣ пурсидем, ки агар таҳсил дар мактаби “Сомониён” харҷи зиёд дорад, чаро фарзандони худро дар мактабҳои давлатии Тоҷикистон намегузоранд, то ройгон таҳсили худро идома диҳанд? Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар посух ба Радиои Озодӣ навиштааст, фарзандони муҳоҷирони афғонистонӣ баробар бо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи таҳсил доранд.

дар ин мактаби шаҳри Ваҳдат фарзандони паноҳандагон таҳсил мекунанд
дар ин мактаби шаҳри Ваҳдат фарзандони паноҳандагон таҳсил мекунанд

Масъулини Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат гуфтанд, талош мекунанд, дархости ҳар шаҳрванди Афғонистон барои таҳсили фарзандонаш қонеъ карда шавад. Як масъули идораи маорифи Ваҳдат гуфт, дар чанд ҳолат ҳатто бидуни ягон санади таҳсил бо розигии Вазорати маориф фарзандони паноҳандагони афғонистонӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд, вале ин ҳама имтиёз дили муҳоҷирони афғонистониро гарм накардааст.

Баъзе онҳо ба монанди Фарид Аҳмадӣ хондани фарзандонашонро дар мактабҳои тоҷикӣ лозим намешуморанд.

“Афғонистониҳо барои ҳамеша мондан ба Тоҷикистон наомадаанд. Агар тавонистанд, ба кишвари сеюм мераванд, агар не ба Афғонистон бармегарданд. Фарзандони ман дар инҷо русӣ ва хатти сириллик меомӯзанд, ки на дар Канада ба дардаш мехӯрад, на дар Афғонистон. Агар ба Канада равем, онҷо ҳам тоҷикиву русиро намефаҳманд. Ба ҷойи таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон беҳтар аст дар ягонҷо забони англисӣ омӯзанд”, - хулоса кард ин муҳоҷири афғонистонӣ.

XS
SM
MD
LG