Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро гурезаҳои афғонистонӣ маҷбуранд, Тоҷикистонро тарк кунанд?


Ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар марзи Эрон нӯшоба медиҳанд. 19-уми августи соли 2021

Гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки аз тарси Толибон ба Тоҷикистон омада буданд, маҷбур шудаанд, дубора ба Афғонистон баргарданд. Онҳо мегӯянд, талошҳояшон барои рафтан ба кишвари севум бенатиҷа будааст ва ба гуфтаашон, пайдо кардани ҷойи кору даромади хуб дар Тоҷикистон мушкил аст. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон қасосгирии Толибонро аз эҳтимол дур намедонанд ва машварат медиҳанд, ки беҳтар аст, афғонистониҳо аз бозгашт ба кишварашон худдорӣ варзанд.

Толибон асосан ба шахсоне мушкил эҷод мекунанд, ки дар сохторҳои ҳукумати қаблӣ, ба хусус, ниҳодҳои қудратӣ кор мекарданд.
Абдумусаввир Баҳодурӣ

"На пойи рафтан, на ҷойи мондан"

Ораш Ориян 9 моҳ пеш, дар остонаи вожгун шудани ҳукумати пешинаи Афғонистон, ҳамроҳ бо ҳамсар ва духтараш ба Тоҷикистон омад. Вай дар шаҳри Кобул дӯконе дошт ва ба гуфтаи худаш, аз як таркиш ҷон ба саломат бурд.

Ҳадафи Ораш Орияни 29-сола ин буд, ки як муддат дар Тоҷикистон мемонад ва баъд аз таҳияи санад ба Канада меравад. Барои иҷрои ин нақша ду роҳ дошт: ё панҷ нафар дар Канада кафолат медоданд, ки таъмини хароҷоти Ораш Ориян ва оилаашро ба уҳда мегиранд ё ин ки паноҳандаи афғонистонӣ дар суратҳисоби бонкӣ дастикам 16 ҳазор доллар медошт, то баъди расидан ба Канада сарбории давлат нашавад.

“Маблағи кафолатиро пардохт карда натавонистем, чун барои хонаводаи мо ин ғайриимкон буд. Барои ҳамин, хостем, ба воситаи даъвати хешовандон ба Канада равем. Аммо ин кор ҳам нашуд. Давлати Канада ба дархости мо ҷавоби рад дод,” -- афзуд ӯ.

Ораш Ориян мегӯяд, баъд аз рад шудани дархосташ аз сӯи Канада талош кард, ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико биравад, вале дар сафорат ба ӯ гуфтаанд, феълан барномаи муҳоҷират надоранд. Дарёфти визаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳам, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, барои паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳоло ғайримумкин аст.

Тасвири кӯдакони паноҳҷӯ
Тасвири кӯдакони паноҳҷӯ

Бар иловаи ин ҳама мушкил, зиндагии Ораш Ориян дар Тоҷикистон хуб набудааст. Вай гуфт, пеш аз омадан ба Тоҷикистон хонаашро дар Афғонистон ба иҷора дода буд ва барояш моҳона 200 доллар мефиристоданд. Аммо ин маблағ барои пардохти иҷораи манзил дар Тоҷикистон ва таъмини оилаи сенафарааш намерасид. Ин паноҳандаи афғонистонӣ талош кард, дар Тоҷикистон дар ҷойе кор кунад. Ба ҷуз аз нуқтаи шустушӯи мошинҳо дар ҷойи дигар барои ӯ кор пайдо нашуд. Дар нуқтаи мошиншӯӣ ҳам рӯзона 40-70 сомонӣ меёфт, ки ба гуфтаи Ориян кофӣ набуд. Ба гуфтааш, аз давлати Тоҷикистон ва Комиссариати Созмони Милал дар умури паноҳандагон ба ин оила мададе нарасид.

Ораш Ориян мегӯяд, ҳарчанд барои бозгашт ба кишвараш чандон моил нест ва хонаводааш ҳам дар Афғонистон иҷозат намедиҳанд, аммо ҷуз рафтан ба ватан интихоби дигаре надорад. “Тарс ҳаст, аммо дар канори он мебинӣ ки 38-39 миллион кас дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, мегӯем, ҳарчӣ сари онҳо омад, сари мо ҳам ҳамон. Дигар ҳар чизе, ки омад,” -- бо алам мегӯяд ин паноҳандаи афғонистонӣ.

“Толибон ба мардуми одӣ кор намегиранд”

Теъдоди дақиқи паноҳандагони афғонистонӣ, ки баъди ба қудрат расидани Толибон дар тобистони соли 2021, ба Афғонистон баргаштаанд, маълум нест. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳам намояндагии Комиссариати Созмони Милал дар умури паноҳандагон ба суолҳои хаттии мо дар ин бора посух надоданд.

Абдумусаввир Баҳодурӣ
Абдумусаввир Баҳодурӣ

Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари намояндагии муҳоҷирони афғонистонии “Ориёно” дар Тоҷикистон мегӯяд, пас аз ба сари қудрат омадани Толибон, "ҳудуди 30-35 оила аз Тоҷикистон ба Афғонистон баргаштанд". Ба гуфтаи Баҳодурӣ, як қисми онҳо корти гурезагӣ надоштанд.

“То онҷо, ки маълумот дорем, маъмурони Толибон ба онҳо кор нагирифтаанд. Толибон асосан ба афроде мушкил эҷод мекунанд, ки дар сохторҳои ҳукумати қаблӣ, ба хусус, сохторҳои қудратӣ кор мекарданд. Аз ин рӯ, афроде, ки дар ҳукумати пешин кор мекарданд ва ҳамчунин фаъолони маданӣ, феълан қасди бозгашт ба Афғонистонро надоранд. Метарсанд, ки Толибон аз онҳо қасд мегиранд,” -- гуфт раиси ҷамъияти “Ориёно”.

Аммо баъзе аз фаъолони ҳуқуқи башар бо ишора ба амалкардҳои Толибон бозгашти афғонистониҳоро ба ватан салоҳ намедонанд.

Марзия Бобокархел, фаъоли ҳуқуқи занон ва додраси пешин дар Афғонистон, мегӯяд, бар иловаи фаъолони ҷомеи маданӣ ва кормандони мақомоти ҳукумати пешин, ҳатто шаҳрвандони оддӣ ҳам аз таҳдиди Толибон дар амон нестанд.

“Ман аз оилаи паштунзабон ҳастам, вале дили ман ҳамеша пурхун аст, ки мардуми Панҷшер ва ҳазора бо баҳонаҳои мухталиф кушта мешаванд. Толиб асосан масъулияти инро ба уҳда намегирад ва мегӯянд, ки ин хусуматҳои шахсӣ аст. Ин хусуматҳои шахсӣ чаро дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ набуд? Духтарони ҷавони 14-сола шаҳид мешаванд, пулиси зан кушта мешавад, вакилони марду зан кушта мешавад, ба хонаи қозиҳо ҳамла мекунанд. Шумо фикр кунед, ки дар ҳамин гуна шароит як инсон чӣ гуна ҷуръат мекунад, ба Афғонистон баргардад?” – пурсид ин фаъоли ҳуқуқи занони афғонистонӣ.

Тасвире аз паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон
Тасвире аз паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Гуруҳи Толибон баъди дубора ба қудрат расидан дар моҳи августи соли гузашта афви умумӣ эълон карда, гуфтанд, ба кормандони ҳукумати пешин, низомиён ва фаъолон зарар намерасонанд. Аммо дар наздики 8 моҳи ҳукумати Толибон даҳҳо ҳолати қатл ё нопадид шудани кормандон ё низомиёни ҳукумати пешин расонаӣ шуд. Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз 15-уми августи соли гузашта то моҳи январи имсол беш аз 100 мансабдори пешин, кормандони низомии ҳукумати қаблӣ ба дасти Толибон ё вобастагони онҳо кушта шудаанд.

“Иттилои дурӯғе, ки боиси сарсонии паноҳандагон шуд”

Бино ба омори мухталиф, наздик ба ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон маҷбуранд, барои пайдо кардани кор ба хориҷ раванд. Ба ин хотир аст, ки бештари паноҳандагон, ки бо мо ҳамсуҳбат шуданд, гуфтанд, ҳадафашон аз омадан ба Тоҷикистон – на зиндагии доимӣ ва пайдо кардани кор, балки роҳ ёфтан ба кишвари севум аст. Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бахше аз паноҳандагон бо ҳамин ваъдаҳои дурӯғ сарсон шуда, ба Тоҷикистон омадаанд.

Ширинбек Давлатшоев, мудири иҷроияи созмони “Инсон ва адолат”, ки бо паноҳандагон сарукор дорад мегӯяд, асосан онҳое ба Афғонистон бармегарданд, ки бо фиреб ба Тоҷикистон омадаанд.

“Намедонам аз тарафи киҳо, лекин дар Афғонистон як иттилои дурӯғ паҳн мегардад, ки ба Тоҷикистон равед, Шуморо дар урдугоҳҳо ҷой медиҳанд, пул медиҳанд ва ҳамчунин барномаи интиқол ба кишвари севум ҳаст. Вақте онҳо меоянд ва мебинанд, ки ин чизҳо нест, баъд ба хулосае меоянд, ки ба Афғонистон бармегарданд,” – афзуд ӯ.

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ рӯзи 18-уми марти имсол дар мулоқот бо Филиппо Грандӣ, комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар шаҳри Ваҳдат масъалаи интиқол ба кишвари сеюмро дар миён гузоштанд. Онҳо ба Грандӣ гуфтанд, дар Тоҷикистон ҷойи кор надоранд, аз ин рӯ, мехоҳанд СММ онҳоро ба кишвари сеюм фиристад.

Намояндаи Созмони Милал барои интиқоли паноҳандагони афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба кишвари дигар ваъдаи дақиқ надод. Ӯ танҳо гуфт, бо кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, аз ҷумла Канада суҳбат мекунанд, то теъдоди қабули гурезаҳоро зиёд кунанд. Дар айни замон Филиппо Грандӣ гуфт, интихоби беҳтарин бозгашти афғонистониҳо ба кишвари худашон аст, ки “инро иҷро кардан аз имкон дур аст”.

Ҳоло паноҳандагоне чун Ораш Ориян дар миёни тарсу умед дубора ба Афғонистон бармегарданд. Тарс аз ваҳшати Толибон, ки маълум нест, бо ин гуруҳи паноҳҷӯён чӣ кор мекунанд. Вале дар канораш ин умед аст, ки аз дарбадарӣ халос шуда, шояд дар ватани худашон ба як зиндагии беҳтаре даст ёбанд.

Мақомот мегӯянд, то ин дам 15 ҳазор афғонистонӣ дар Тоҷикистон паноҳанда шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG