Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Ҳайдар Шарифзода аз болоравии нархҳо шикоят кард


Гилаи Мулло Ҳайдар дар намози ид дар масҷиди шаҳри Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Гилаи Мулло Ҳайдар дар намози ид дар масҷиди шаҳри Кӯлоб

Мулло Ҳайдар Шарифзода, яке аз руҳониёни шинохта ва баҳсбарангез дар Тоҷикистон дар мавъизааш пеш аз намози иди Рамазон аз боло рафтани нарху наво дар арафаи ид гила кард.

Ӯ ки имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ба номи Имоми Аъзам аст, гуфт дар ин шароит бояд идро хоксорона ҷашн гирифт: “Нархҳоро осмон бурданд. Ҳамин хонаи мо ҳеч чиз нахарид. На тарафи бозор рафтем, на себ харидем, на ангур. Марҳамат як пиёла чой кадоме хоҳад, марҳамат. Хонаи бе мева, хонаи бе исроф.”

Гилаи Мулло Ҳайдар дар намози ид дар масҷиди шаҳри Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Ба гуфтаи чанде аз намозгузорон Мулло Ҳайдар Шарифзода вазъеро тасвир кард, ки онҳо низ доштанд ва на танҳо дар Кӯлоб. Як сокини Душанбе низ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ аз гаронии нархҳо шиква кард ва чунин машварат дод: “Дар иди Қурбону Рамазон нарху наво боло меравад, шарт нест, ки одамон аз ягон ҷой қарз гиранд, то пурдабдаба гузаронанд, ман ба онҳо тавсия медиҳам, ки дастархони оддӣ кунанд.”

Ҳар сол дар арафаи идҳои Рамазон ва Қурбон нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон боло меравад. Чунончӣ, орд дар як моҳи охир ба ҳисоби миёна то 8 дарсад гаронтар шудааст. Нархи бархе аз мева ва сабзавот дар моҳи апрел аз 4 то 17 дарсад боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG