Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков гуфт, имсол касеро даъват накарданд


Русия
Русия

Сухангӯйи президенти Русия Дмитрий Песков гуфтааст, Кремлин барои иштирок дар парад ё гузашти низомии рӯзи 9-уми май раҳбарони хориҷиро даъват накардааст.

Имсол аз 77-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Сухангӯйи Кремлин гуфтааст, "ин санаи ҷашнӣ нест".

Русия аз соли 2005, 60-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, раҳбарони хориҷиро ба гузашти низомӣ дар Маскав даъват мекунад.

Дар чорабинии соли 2005 раҳбарони Амрико, Фаронса, Олмон, Чин, Итолиё ва Ҷопон ширкат доштанд.

Паради бахшида ба 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ соли 2015, баъди ишғоли Қрими Украина аз тарафи Русия, баргузор шуд. Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ онро нодида гирифтанд.

Соли 2021 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба Маскав рафта буд.

XS
SM
MD
LG