Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Асосгузор", вале на "Пешво". Шарики Тоҷикистон унвони раҳбари пешинаашро "мебардорад"


Акс аз бойгонӣ

Дар Қазоқистон, ки модели сиёсии Тоҷикистонро ба он монанд мекунанд, тасмим доранд, президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоевро аз унвони «Элбаси» ё «Пешвои миллат» маҳрум кунанд. Назарбоев соли 2010 ин унвонро гирифт ва баъди рафтан аз қудрат дар соли 2019 низ аз имтиёзу салоҳиятҳои зиёде баҳраманд гардид.

Раиси порлумони Қазоқистон рӯзи 27-уми апрел гуфт, як кумисюни ҳукуматӣ тағйири Конститутсияро баррасӣ дорад ва дар он номи Назарбоев ҳамчун «асосгузори Қазоқистони мустақил» дарҷ хоҳад шуд, на ҳамчун «пешво». Бисёре аз сокинони Қазоқистон ба ҳифзи президенти пешини он кишвар ҳамчун «асосгузори Қазоқистон мустақил» низ зид ҳастанд. Худи Назарбоев ва шахсони наздикаш вокунише накардаанд.

Ерлан Кошанов, раиси палатаи поёнии порлумони Қазоқистон
Ерлан Кошанов, раиси палатаи поёнии порлумони Қазоқистон

«Тағйирот мақоми «Элбаси»-ро аз байн мебардорад. Нақши Нурсултон Назарбоев ҳамчун асосгузори давлат дар Конститутсия мемонад. Пас аз қабули ин меъёр қонуни конститутсионӣ «Дар бораи президенти нахустин» низ эътибори худро гум хоҳад кард,» -- гуфт Ерлан Кошанов, раиси порлумони Қазоқистон.

"Аз кофтукобу боздошт эмин аст"

Дар қонуни ҳозира дар бораи «Элбасӣ» гуфта шудааст, ки Назарбоев «дар саргаҳи давлатдорӣ истода, дар рушди Қазоқистони соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ саҳми арзанда гузоштааст.»

Ӯ дар ҳоли ҳозир масуният дорад. Наметавонанд кофтукобу боздошт ва бозпурсӣ кунанд ё ба ҳабс бигиранд. Молу мулки вай, аъзои оилааш, инчунин, биноҳои истиқоматӣ, идораҳо, нақлиёти хидматӣ, воситаи иртибот, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои мутааллиқ ба онҳо дахлнопазиранд.

Дар қонун ҳамчунин гуфта мешавад, Нурсултон Назарбоев ҳаққи гирифтани нафақа (баробар ба 80 дарсади маоши раисҷумҳур) ва аъзои хонавода ҳаққи дарёфти кумакпулӣ (10 баробари ҳадди ақалли нафақа) доранд. Қонун имтиёзҳои дигарро низ пешбинӣ мекунад.

«Нурсултон Назарбоев дар чаҳорчӯби қонун дар бораи президентҳои пешин дастгирии давлатӣ хоҳад дид, нафақа хоҳад гирифт ва шаъну шарафаш ҳифз хоҳад шуд,» - гуфт Кошанов дар бораи тағйироти пешниҳодшуда ба Конститутсияи Қазоқистон.

"Табиати низомро дигар намекунад"

Гуруҳи корие, ки тағйирот ба Қонуни асосии Қазоқистонро таҳия дорад, рӯзи 25-уми апрел баъзе иловаҳои мавриди назарро нашр кард. Бар асоси ин тағйирот, барқарории Додгоҳи конститутсионӣ дар назар аст, ки соли 1995 бекор шуда буд; узви ҳизб будани президент манъ хоҳад шуд ва пайвандони вай аз ишғоли мансабҳои сиёсӣ ё роҳбарӣ дар ниҳодҳои давлатӣ маҳрум хоҳанд гардид; тағйирот ҳамчунин ба фаъолияти порлумон ва низоми интихоботӣ низ дахл мекунад.

Интизор меравад, ба 33 моддаи Қонуни асосии он кишвар 56 тағйиру илова ворид карда шавад. Мунтақидон мегӯянд, дар гузашта ба манзури таҳкими қудрати раисҷумҳур ва тамдиди ҳукуматдории Назарбоев ислоҳҳо ворид шуда буданд. Ҳоло аз он меҳаросанд, ки тағйиру иловаҳо хосияти ороишӣ дошта, табиати низоми худкомаро тағйир нахоҳанд дод.

Раъйпурсӣ

Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Бо ин вуҷуд, ҳоло тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд, ки тағйиротро тавассути раъйпурсӣ қабул кунанд ё бо овоздиҳии вакилони порлумон. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзи 29-уми апрел дар Ассамблеи халқҳои Қазоқистон пешниҳоди барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи он кишвар пазируфт. Ӯ гуфт, раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия дар он кишвар бори охир соли 1995 баргузор шудааст.

Нурсултон Назарбоеви 81-сола моҳи марти соли 2019 аз раёсатҷумҳурии Қазоқистон канор рафта, муттафиқаш Қосимҷомарт Тоқаевро ба вазифаи президент пешбарӣ кард. Он замон худаш дар мақоми раиси якумрии Шӯрои Амният ва хешу табораш дар вазифаҳои баланди давлатӣ, хадамоти амният ва гурӯҳҳои сердаромади энергетикӣ монданд.

Аммо пас аз «январи хунин» дар Қазоқистон Назарбоев ва наздиконаш ба таври қобили мулоҳиза заиф шуда, нуфузи Тоқаев афзоиш ёфтааст. Дар авҷи эътирозҳо Назарбоев аз мақоми раиси Шӯрои Амният маҳрум шуд ва Тоқаев онро бар уҳда гирифт. Бисёре аз наздикони президенти пешини Қазоқистон низ мақомҳои баландро аз даст доданд ва се узви хонаводаи бузург бо иттиҳоми тасарруфи молу мулк дар ҳабсанд.

Аз "Туркманбошӣ" то "Пешво"

Унвонгузорӣ ба раҳбарони худкомаи Осиёи Марказӣ аз президенти пешини Туркманистон, Сафармурод Ниёзов, оғоз ёфтааст, ки ҳанӯз соли 1993 лақаби “Туркманбошӣ” ё “Раҳбари ҳамаи туркманҳо”-ро гирифта буд.

Вориси тахташ, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, соли 2011 ба худ унвони расмии “Арқадаг” (Муҳофиз)-ро гирифт. Ҳоло писараш, Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури нави Туркманистонро бо ҳамин ном хитоб мекунанд.

Дар Тоҷикистон шаш сол пеш ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон расман унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро доданд. Ҳамроҳ бо ин, президент Раҳмон ва хонаводааш умрбод аз дахлнопазирӣ бархурдоранд.

Моҳи сентябри соли 2021 ду вакил дар Узбекистон пешниҳод карданд, ки ба раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев унвони пешвоӣ дода шавад, вале расман пазируфта нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG