Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти зердасти Пешво. Тоҷикистон оё гузинаи қазоқиро меомӯзад?


Дар чандин кишвари пасошӯравӣ интиқоли қудрат сурат гирифт. Осоишта ва бо зӯроварӣ. Дар рӯйдодҳои аввал одатан шахсоне ба курсӣ нишастанд, ки раҳбари аввал онҳоро интихоб кард. Охирин намуна дар Қазоқистон иттифоқ афтод.

"Қудрати расида аз як ҳокими иқтидоргаро (авторитар) дар замони зиндагияш, мавқеи меросбарро заъиф менамояд ва ӯро каси “лоиқи президентӣ"- намекунад, чунин назар доранд коршиносоне, ки ба нақши Қосимҷомарт Тоқаев баъди интихобшуданаш дар мақоми раҳбари Қазоқистон баҳогузорӣ менамоянд. Ин дидгоҳ муҳим аст, зеро чунин таҷриба ба эҳтимоли зиёд метавонад барои Тоҷикистон низ ҷолиб бошад, тахмин мезананд онҳо.

Савгандёдкунӣ дар пасманзари эътирозҳо

"Ду подшоҳ дар як иқлим намегунҷанд", мегӯянд тоҷикон ва ҳамтои қазоқию қирғизии ин зарбулмасал он аст, ки "дар як дег сари ду гӯсфандро намепазанд". Ин назари таърихии мардум ба дуҳокимиятист. Вале таҷрибаи муосири сиёсии Қазоқистон мутамойил набудани худро ба чунин андешаҳо нишон дод. Қосимҷомарт Тоқаев, ки 9 июн раисҷумҳури Қазоқистон шуд, амалан шахси дувум гашт, он ҳам баъди "Пешвои миллат" Нурусултон Назарбоев. Раванди интихобот ва савгандёдкунии раисҷумҳур дар пасманзари эътирозҳои оммавӣ баргузор гардид.

Ба гуфтаи прокуратураи генералии Қазоқистон, рӯзҳои 9-10 июн 957 шаҳрванд дар Алмато ва Нурсултон боздошт ва ҷарима шудаанд. Миёни иштирокчиёни эътирози беиҷоза онҳое ҳам буданд, ки интихоботро таҳрим карданд ва ҳам онҳое, ки бо натиҷаҳои расмӣ бовар надоштанд.

Норизоятиҳо ба интихоби раисҷумҳури нав бисё қобили мушоҳидаанд, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Тавре бахши қазоқии Радиои Озодӣ – Радио Азаттик иттилоъ дода, мусоҳибаи Тоқаев дар Евронюс ва дигар видеоҳои он се мартаба бештар нописанд (дизлайк) нисбат ба писанд гирифтааст ва дар наворҳои видеоие, ки баъдтар дар шабакаи расмии Қазоқистон пайдо шуданд, бахши шарҳнависиро бастанд.

Зери сояи "нахустин"

Корбарони бахши қазоқии шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дигари минтақаӣ ба аксу видеоҳо низ таваҷҷуҳ кардаанд

Аксҳо аз макони баргузории нишасти сарони МҲТБО, ки 15-уми июн дар Душанбе баргузор шуд ва бисёриҳо ба бегонагии раисҷумҳури нав миёни ҳамтоёнаш ишора карданд. Агар баъзеҳо инро марбут ба давраи мутобиқ шудани ӯ донистаанд, дигарон ба он ишора кардаанд, ки сарони кишварҳо мисли пештара Нурсултон Назарбоевро раҳбари воқеии Қазоқистон медонанд.

Ин ҳол дар маҷмуъ миёни нозирон шубҳаеро аз сустии ҷаноби Тоқаев ва ҳам комёбии чунин таҷриба ба миён меорад.

Зимнан, бар асоси барнома Назарбоев бояд нишасти сарони кишварҳо дар Душанберо ба унвони муаллифи идея боз мекард. Бархе аз расонаҳо чунин иттилоъ ҳам доданд, вале баъдан вақте маълум шуд, ки Назарбоев ба Тоҷикистон нарафтааст, хабарҳоро пок карданд.

"То замоне, ки Назарбоев зинда хоҳад буд, ӯ мақоми комили мудириятро аз даст нахоҳад дод. Пешвоёни қудратгаро як одат доранд – танҳо кадом як бемории шадид онҳоро маҷбур мекунад, ки аз ваколатҳои худ даст кашанд. Ҳоло пешвои аслӣ Назарбоев боқӣ мемонад ва дидгоҳҳои худро бор хоҳад кард. Ва бидуни шак, бисёр чиз ба ҳадафҳои худи Тоқаев бастагӣ дорад",- мегӯяд рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик Марат Мамадшоев. Ба гуфтаи ӯ, хеле чизҳо дар ин гуна маворид бастагӣ ба муносибати ду раҳбар ва атрофиёни онҳо дорад, ки эҳтимолан онҳоро ба далели маҳдуд будани зарфият ва нуфуз ба сӯи мухолифат тела диҳанд.

Вале ба гуфтаи коршинос ва ходими сиёсии Қазоқистон Петр Своик, бо гузашти вақт Тоқаеви тозаинтихоб ба сатҳе хоҳад расид, ки тавонад, вазифаҳои худро иҷро кунад. Дар баробари ин, Своик ишора рӯйи як қатор рискҳое мекунад, ки раисҷумҳури нав ногузир бо онҳо рӯбарӯ мешавад.

"Ӯ маҷбур буд, дарҳол бар ивази таъинот, пойтахтро ба ифтихори Назарбоев номгардон кунад, интихоботеро, ки барояш пирӯзиовар набуд, баргузор намояд ва ин ҳама аз пеш таъиншуда буд. Ба ҷуз ин, дар Қазоқистон мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоие рӯйи ҳам тал шудаанд, ки ӯ дар ҳоле қудрати комили назарбоевиро надорад, маҷбур аст, онҳоро ҳал кунад",- мегӯяд коршинос. Муваффақият барои Тоқаев,- меафзояд Своик,- ин аст, ки ҳоло дар Қазоқистон нухбагони мухолиф нестанд, ба ӯ халал расонанд.

Чандин шакли як таҷриба

Дар кишварҳои пасошӯравӣ дар солҳои гузашта, дар баробари Қазоқистон сенарияҳои гуногуни интиқоли қудрат ба меросбар мушоҳида шуд. Сенариои Ҳайдар Алиев, ки соли 2003 ба ҷояш писараш Илҳом Алиев раисҷумҳури Озарбойҷон интихоб шуд.

Тарҳи истифодакардаи Путин дар соли 2008, ки то соли 2012 Дмитрий Медведевро ба қудрат овард. Намунаи номуваффақтар дар Қирғизистон аст, ки раисҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоев раисҷумҳури феълӣ Сооронбой Ҷээнбековро ҷойгузини худ донист ва фаротар аз қонун ба таври ошкоро ӯро дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2017 пуштибонӣ кард. Вале баъдан, бо иқрори худи Ҷээнбеков барои талошҳои аз ӯ сохтани "президенти фармонбардор" ҷуфти сиёсӣ аз ҳам пошид.

Дар тамоми мавридҳои ёдшуда, ба истиснои Озарбойҷон раисҷумҳурони меросбар барои надоштани ихтиёри сиёсӣ мавриди танқид қарор гирифтанд. Тавре коршиноси сиёсӣ дар Тоҷикистон Абдумалик Қодиров мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо хеле чиз ба шахсияти ворис вобаста аст. "Масалан, дар Қирғизистон, агар Отамбоев баъди пирӯзии Ҷээнбеков дар интихобот дарҳол ба раванди тасмимгириҳо дахолат намекард, пас эҳтимол дошт, ки ончиро дар назар гирифта буд, иҷроӣ кунад, вале натавонист ва намунаи Ҷээнбеков нишон дод, ки ҷойгузин метавонад зери бор набошад ва як сиёсатмадори мустақил гардад",-мегӯяд коршинос.

Вале дар Узбекистони баъдикаримовӣ Шавкат Мирзиёев, сарфи назар аз ин, ки аз сари ҳамон дастархони қудрат бархост, бо роҳандозии сислсилаи ислоҳот аз мустақилияти худ қотеъона садо баланд кард, ҳарчанд баъзе аз мунтақидон дар бораи номуназзам будани чунин тағйирот ва ба баргашти содаи дубора ба ақиб, ҳарф мезананд.

Оё унвони ислоҳотгар ва ҳамчунин муҳаббати мардум ба он роҳбароне, ки на танҳо зери сояи раисҷумҳури пештара, балки пурра зери контроли вай ҳастанд мерасад? Ва агар ӯ танҳо "Пешвои миллат" не, балки падари маънавию биологӣ бошад, чӣ?

«Душанбе чашм ба «Нур- Султон» дорад”

Омодагӣ ба интиқоли қудрат дар Қазоқистон чанд сол давом кард. Соли 2017, тибқи тағйире, ки ба Қонуи асосии Қазоқистон ворид карда шуд, салоҳиятҳои президент ба таври қобили мулоҳиза ба нафъи порлумон ва ҳукумат кам карда шуданд. Қисме аз онҳо дар бахши мудирияти равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ба ҳукумат, вазоратҳо ва ҳокимиятҳо (раисони вилоят) вогузор гашта, нақши порлумон, хусусан дар ташкили ҳукумат боло бурда шуд.

Ба ҷуз ин, нақши то он замон машваратии Шӯрои амният моҳи июли 2018 меъёри конститутсионӣ карда шуд. Салоҳиятҳои он хеле густариш ёфт. Назарбоев ҳуқуқи онро пайдо кард, ки тамоми умр раёсати Шӯрои амниятро дар ихтиёр дошта бошад. Ҳанӯз он замон бисёриҳо ин тағйирро стратегияи Назарбоев барои ҳифзи қудрат баъди барканорӣ аз мақоми президентӣ номиданд.

"Назарбоев хост, амнияти худ ва наздиконашро таъмин кунад ва то замоне, ки ӯ зинда аст, касе ҳақ надорад ӯ ва аъзои хонаводашро таҳти таъқиб қарор диҳад",- бовар дорад Қодиров, "ва соли оянда мо шояд шоҳиди чунин як сенария дар Душанбе хоҳем шуд, ки қудрат аз падар ба писар тақдим карда мешавад".

Ба гуфтаи ӯ, фарқи асосӣ аз интиқоли қазоқӣ он хоҳад буд, ки Эмомалӣ Раҳмон талош мекунад иқдомоти раисҷумҳури ҷавонро на бо далоили амниятӣ, балки барои роҳ надодан ба иштибоҳоти ҷиддӣ, назорат ва мудирият кунад.

Режими сиёсии Тоҷикистон дар бештари мавридҳо шабеҳи Қазоқистон боқӣ мемонад. Дар кишвар аз соли 2016 ба ин сӯ қонун “Дар бораи Пешвои миллат” мушобеҳ ба қонунин қазоқӣ амал мекунад, ки ба раисҷумҳури амалкунанда масуният фароҳам меорад, то тамоми умр ҳаққи рақобат барои мақоми президентӣ дошта бошад.

Мувофиқи тағйироте, ки соли 2016 ба Қонуни Асосӣ ворид карда шуд синнусоли номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ то 30-сола поин оварда шуд, ки ба шаҳрдори кунунии Душанбе ва писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ имкон медиҳад дар рақобатҳои интихоботӣ ширкат варзад. Ба ҷуз ин духтари раисҷумҳур дастгоҳи президентро раҳбарӣ мекунад ва узви маҷлиси болоии парлумон аст.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, Озода Раҳмон ҳам шояд нияти ба даст овардаи мақоми раёсатҷумҳуриро дошта бошад. "Рустами Эмомалӣ номзади аслист, вале миёни довталабон метавонанд чеҳраҳои дигар аз атрофиёни раисҷумҳур низ бошанд",- тахмин мезанад Мамадшоев. Ӯ ҳамчунин ширкати худи Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи пешорӯ аз эҳтимол дур намедонад.

Бояд гуфт, ки ба андешаи коршиносон ва доираҳои таҳлилгарони ғарбӣ Қазоқистон ва Тоҷикистон кишварҳои қудратгаро (авторитарӣ) дониста мешаванд, ки ба таври системавӣ ҳуқуқи башарро нақз мекунанд. Ҳеҷ кадоме аз интихоботҳо дар ин ду кишвар аз сӯи ниҳодҳои ғарбӣ шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ эътироф нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG