Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар бомбаборони Киев кушта шуд


Вера Гирич
Вера Гирич

Вера Гирич, хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ, бар асари мушакандозии нерӯҳои русӣ ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Киев ба ҳалокат расид. Ҳодиса рӯзи 28-уми апрели имсол рӯй дод.

Ба иттилои бахши украинии Радиои Озодӣ, ҷасади хонум Гирич субҳи 29-уми апрел пайдо шуд. Дар ин рӯз, ки пойтахти Украина мавриди ҳамла қарор гирифт, Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ, дар Киев қарор дошт.

Дар аксҳо ва наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки табақаҳои поёнии бино осеби ҷиддӣ дидааст.

Шаҳрдори Киев Виталий Кличко рӯзи 29-уми апрел дар "Телеграм" навишт, ки ҷасади як нафар аз зери вайронаҳо берун оварда шуд ва 10 нафар захмӣ шуданд. Ӯ маълумоти бештар надод.

Вера Гиричи 55-сола аз моҳи феврали соли 2018 ба ин тараф корманди Радиои Озодӣ буд. Қаблан дар шабакаҳои гуногуни телевизионии Украина кор мекард.

XS
SM
MD
LG