Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои президенти Қирғизистон дар 16 гектар "Кохи сафед"-и нав месозанд


Мудири умури президенти Қирғизистон Тилек Батирканов дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ расман тасдиқ кард, ки 16 гектари ҷудошуда барои сармоягузор дар ҷануби шаҳри Бишкек ҷойгир аст.

"16 гектар замине, ки мо дар ихтиёр дорем, барои бунёди бинои нави маъмурияти президент ба сармоягузор пешниҳод шудааст. Ин замин дар кӯчаи Малдибаева ҷойгир аст", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Батирканов, замин қаблан дар ҳисоби шаҳрдории Бишкек буд ва сипас онро ба Кумитаи варзиши Қирғизистон доданд. Идораи умури президенти Қирғизистон соли гузашта ин заминро соҳиб шудааст.

Президент Содир Ҷабборов 15-уми апрели имсол дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави маъмурияти раисҷумҳури Қирғизистон ба ҷои меҳмонхонаи "Иссиқкӯл" иштирок кард.

Дертар расонаҳо хабар доданд, ки "Кохи сафед"-и навро ширкати қирғизии "TS Group" месозад.

XS
SM
MD
LG