Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Алмато шикояти вакили зиндониро меомӯзад


Кайрат Худойберган
Кайрат Худойберган

Додситонии шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, шикояти Кайрат Худойберган, вакили маҷлиси шаҳрии Алматоро дар бораи фишори мақомоти тафтишотӣ меомӯзад. Худойберган дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ ба ҳабс гирифта шудааст.

Расонаҳои Қазоқистон бо такя ба вакили мудофеи Худойберган навиштанд, ки муфаттишон бо ҳадафи дарёфти нишондодҳои барои айбдоркунандаи давлатӣ зарурӣ ба вакил фишор меорад.

Бибигул Кабдолдина, модари Худойберган мегӯяд, писараш дар ташкили бетартибиҳои моҳи январ даст надорад. Вай аз пулис озодии фаврии писарашро талаб кардааст.

Расонаҳои Қазоқистон рӯзи 22-юми апрел аз бозошти Кайрат Худойберган хабар доданд. Додгоҳе дар Алмато рӯзи 25 апрел вакили маҷлиси шаҳриро барои 30 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Пеш аз ҳабсаш Худойберган дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ аз сокинон даъват карда буд, ба иғво дода нашаванд.

XS
SM
MD
LG