Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбарии Анҷумани созмонҳои зистмуҳитии он кишвар истеъфо додааст.
Мудири иҷроияи анҷуман Ойгул Соловева ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, Назарбоева охирҳои моҳи январ аз мақоми раҳбарии анҷуман истеъфо дода буд.
Алия Назарбоева анҷуманро аз замони таъсисиёбияш дар моҳи ноябри соли 2017 раҳбарӣ мекард. Бино ба иттилои анҷуман, он бо рушди ташаббусҳои экологӣ машғул аст.
Пештар ширкати "Роҳи оҳани Қазоқистон" ҳам эълом кард, ки қарордоди ҳамкориро бо ширкати "Instant Payments" пеш аз муҳлат қатъ кард. Бунёдгузори "Instant Payments" Алия Назарбоева буд.
Баъди ҳаводиси моҳи январи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, президенти он кишвар хост, ҷамъоварии пардохти партовҳо аз воситаи нақлиётро мақомоти давлатӣ ба даст гиранд, на ширкатҳои хусусӣ.
Вай он замон дастур дода буд, ширкати "Оператор", марбут Алия Назарбоева, ба духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ба ҷамъоварии пардохтҳои партовҳо машғул буд, баста шавад.