Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ҷойи кор барои муҳоҷирони тоҷик кам шудааст. ВИДЕО


Даҳҳо муҳоҷир дар Маскав барои кам шудани ҳаққи корашон эътироз карданд.

Даҳҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав барои кам шудани ҳаққи корашон як ҳафта боз эътироз доранд.

Ин муҳоҷирон дар ширкати дастраскунандаи “Delivery club” ба ҳайси хаткашон ё курйер кор мекунанд. Ба иддаои онҳо, ширкат аз 21-уми апрел нархи ҳар фармоишро аз 120 ба 90 рубл поин овардааст.

"Мо вазъиятро мефаҳмем, аммо..."

Як тан аз эътирозгарон дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, мегӯяд, “мо вазъият дар кишвар ва ҷаҳонро дарк мекунем, аммо мехоҳем мисли пеш ба мо ҳаққи кор диҳанд.”

Ширкат дар посух ба норозигии муҳоҷирон гуфтааст, азбаски мизоҷ ва фармоиш кам шудааст, онҳо бо ҳар роҳи дигар кӯшиш доранд, даромади курйерҳоро нигаҳ доранд.

Тақрибан дар ду моҳи ахир шикояти муҳоҷирон дар Русия аз кам шудани маош, сари вақт нагирифтани ҳаққи кор ва бекор мондан зиёд шудааст.

Баҳриддин, як муҳоҷири тоҷик, аз замони оғози ҳодисаҳои Украина чанд бор ҷойи корашро иваз кардааст. Сабаб пардохт нашудани ҳаққи кор аст, ки ба андешаи вай, эҳтимол таъсири таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия аст.

“Аз рӯзе, ки ман ба Русия омадам, дар сохтмонҳо кор мекунам. Дар ду моҳи ахир дар ду сохтмоне, ки кор кардам, пул нагирифтам. Боз ба кори дигар гузаштам. Куҷое наравем, мегӯянд, пул надорем. Маъмулан, мушкили бекорӣ дар моҳи январу феврал рух медод. Ҳозир мавсими кор аст, то моҳи октябр бояд дар ин масъала мушкил набошад. Бояд кору пул бошад, аммо нест,”—гуфт Баҳриддин.

Анборҳои холӣ ва муҳоҷирони бекор

Ин муҳоҷири тоҷик, ки падари се фарзанд аст, дар ду моҳи ахир барои хонаводааш фақат 5 ҳазор рубл фиристодааст. Ӯ гуфт, ба далели бекорӣ ва ихтисори коргарон, бархе аз дӯстонаш ба ватан баргаштанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар Русия ҷойи кор барои муҳоҷирони тоҷик кам шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Ба гуфтаи ӯ, “фақат дар вилояти Маскав ҳудуди 2 ҳазор амборҳо буданд ва то 200 нафар дар як анбор кор мекарданд.” Ҳоло ӯ мегӯяд, интиқоли бор ба Русия аз биср кишварҳо қатъ шудааст ва муҳоҷироне, ки дар наборҳо кор мекарданд, бекор монданд.

Муроҷиат ва шикоят аз бекорӣ ва ихтисор шудан аз ҷойи кор ба созмонҳои кор бо муҳоҷирону ҳомиёни ҳуқуқ ҳам зиёд шудааст.

Муҳаммадҷон Собиров, ҳомии ҳуқуқ дар Русия мегӯяд, вазъият чандон хуб нест. “Аксари муҳоҷирон бекор мондаанд. Ҳолатҳое зиёд аст, ки ба мо занг зада, ҷойи кор мепурсанд. Чӣ тавре маълум аст, аксари ширкатҳои хориҷӣ дар Русия фаъолияти кории худро бас карданд ва бинобарин сабаб бисёре аз муҳоҷирон бекор монда, ба мо барои ҷойи кор муроҷиат мекунанд,”—гуфт ӯ.

Вазъ дар Русия ва таъсири он дар Тоҷикистон

Иқтисоди Тоҷикистон аз пули муҳоҷирон вобастагии зиёд дорад ва бекор мондани муҳоҷирон дар Русия рӯзгори садҳо хонавода дар Тоҷикистонро мушкил кардааст. Коршиносон кам шудани интиқоли пул ва коҳиши рушди иқтисоди кишварро пешбинӣ мекунанд.

Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират гуфт, бекорӣ дар Русия ба зиндагии сокинон дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. “Бино ба маълумоти иқтисодшиносон, то охири сол, қариб 10 фоизи даромади дохилии Русия кам мешавад. Ин маънои онро дорад, ки иқтисоди Русия аз ин ҳодиса зарари ҷиддӣ мебинад,”—гуфт ӯ.

Улмасов эҳтимоли фароҳам шудани шароити кор дар кишварҳои дигарро барои муҳоҷирони тоҷик умедворкунанда мехонад. Ӯ гуфт, агар ҷанг ба зудӣ хатм шавад, барои аз навсозии Украина эҳтимол ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик низ ҷалб шаванд.

Русия кишвари асосии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Тибқи иттилои мақомоти Русия, соли гузашта беш аз 2 миллион нафар аз Тоҷикистон ба ин кишвар ба муҳоҷират рафтаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, камтар аз як миллион нафар барои кор ба Русия мераванд.

Бо оғози бекорӣ дар Русия бархе бо ҷайби холӣ ва бекор ба кишвар бармегарданд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG