Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рубл дар Тоҷикистон якбора боло рафт. Ҳамингуна мемонад? ВИДЕО


Қурби рубли русӣ дар баробари асъори сомонӣ боз ҳам боло рафтааст.

Ин хабар барои муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон хушҳолкунанда аст, ҳарчанд коршиносон инро муваққатӣ медонанд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳтоҷи пули муҳоҷирон аст ва ба ин хотир сокинон ба поёну болоравии қурби рубл диққати зиёд медиҳанд.

Қурби рубли русӣ дар шабонарӯзи ахир 13 зина боло рафт, ки рекорд дониста мешавад. Он аз 150 ба 163 дар ивази 1000 рубл расид. Ин дар ҳолест, ки бо ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия ба иллати ҷанг дар Украина қурби рубл дар Тоҷикистон фурӯ рафта буд. Шохиси нав наздикони муҳоҷиронро хурсанд кард.

Сироҷиддин Ҷонмаҳмадов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, донишҷӯ аст ва моҳона аз бародарони муҳоҷираш 5 ҳазор рубл мегирад. Ин маблағ ҳафтаи гузашта 660 сомонӣ буд ва ҳоло ба 815 сомонӣ баробар аст.

“Як моҳи пеш вақте қурби рубл паст буд, мо хеле дар ташвиш афтодем. Аз ин сабаб баъзе хешовандон мехостанд ба Тоҷикистон баргарданд. Ҳозир шукр, ки қурб боз ҷойи худашро гирифт,”- мегӯяд ин донишҷӯ.

Рӯзи 8-уми апрел нафарони зиёдеро мешуд дид, ки баъди гирифтани маблағи интиқолшуда аз Русия, бо чеҳраи кушода аз бонк берун мешуданд.

Қурби сомонӣ дар муқобили рубли русӣ поинтар шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Фурӯши нафт бо рубл қурбро боло бурд?

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон шарҳ надоданд, ки қурби рубли русӣ дар баробари асъори сомонӣ чаро якбора боло рафт. Парвози қурби рубли русӣ барои бархе аз коршиносон як амали сунъӣ ба назар мерасад. Бархе аз онҳо ин ҷаҳишро муваққатӣ медонанд.

Амин Одинаев, сардори раёсати тадқиқоти масоили соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказҳои тадқиқоти стратегӣ ба ин назар аст, ки боло қурби қурби рубл натиҷаи тасмими Русия барои фурӯши нафт бо рубл аст.

Дастури раиси ҷумҳур Владимир Путин дар бораи фурӯши нафт бо рубл охири моҳи март ҷорӣ шуд, ҳарчанд бархе кишварҳои аврупоӣ ба ин мухолифат доранд.

“Як ҳадафи асосии ин иқдом истодагарӣ вобаста ба таҳримҳо ва аз ҷониби дигар устувор нигоҳ доштани низоми молиявӣ ва пеш аз ҳама қурби рубли русӣ буд. Ин тасмимҳо тавонистанд ҳамчун омил дар болоравии қурби рубли русӣ таъсир расонад,” - мегӯяд Амин Одинаев.

Иқтисоддон Рустам Бобоҷонов гуфт: "Сабаби воқеӣ ин аст, ки Русия дар ҳар сурат фурӯши сузишвориро бо рубл роҳандозӣ кард. Русия то ҳол яке аз содиркунандагони асосии маводи сӯхт ба ҳисоб меравад. Ва касе хостори харидорӣ кардани сузишворӣ аст, онро бо рубли русӣ харидорӣ мекунад. Русия бо ин кори худ мавқеи рублро боло бурд. Мумкин аст болоравии қурби рубл сунъӣ бошад. Чун ҳар иқдоми сиёсӣ, дипломатӣ ин санъати бурдани мубориза аст".

“Сӯзандоруи қувватбахш ҳамавақт кӯмак намекунад”

Коршиносони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯянд, ба ҷуз аз иқдоми фурӯши нафт бо рубл, болоравии қимати нафту газ ва маҳдудиятҳои мақомоти рус дар амалиёт бо асъор ҳам дар устувор шудани қурби рубл таъсир расонд.

Аммо Абдуманнони Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, иқдомоти ахири мақомоти русро “ба задани сӯзандоруи қувватбахш” ташбеҳ дод.

“Яъне ин сӯзандору муваққатан қувваи шуморо меафзояд, аммо дар оянда ҳам таъсираш гум мешавад ва ҳам саломатии шуморо хароб мекунад. Русия ҳам ба хотире, ки дар ҳолати ҷанг аст, ин сӯзандоруро гузаронида истодааст. На танҳо иқтисоди Русия, ҳатто иқтисоди Амрикову Чин наметавонанд бидуни хасорат аз чунин таҳримҳо берун шаванд.

Ин болоравии қурби рубл ва дигар “мувваффақиятҳо”-и молиявии Русия муваққатист ва дер давом намекунад, зеро Ғарб босуръат роҳҳои наҷот аз вобастагӣ ба нафту гази Русияро таҷриба мекунад ва дар хеле самтҳо муваффақ ҳам ҳаст», - таъкид кард ин таҳлилгари тоҷик.

Расонаҳои русӣ илова мекунанд, ки харидорони хориҷӣ аз нафту гази Русия даст накашиданд ва ин ба таҳкими қурби рубл сабаб гашт. Русия дар шабонарӯз ба кишварҳои аврупоӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиард доллар сӯзишворӣ содир мекунад. Сарфи назар аз таҳримҳои густурда, кишварҳои аврупоӣ то ҳол хариди нафт ва газро аз Русия пурра қатъ накардаанд.

Ин ақида ҳам садо медиҳад, ки кишварҳои наздик ба Маскав талош доранд, агар расман аз ҷанги Русия дар Украина ҳимоят накунанд ҳам, бо роҳи пуштибонӣ аз пули русӣ мавзеъгирии худро баён доранд. Аммо татбиқ шудани таҳримҳо ояндаи рублро ҳамоно норӯшан намудор мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG