Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 243 касро дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ маҳкум кардаанд


Алмато, 5-уми январи 2022
Алмато, 5-уми январи 2022

Дар Қазоқистон дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январи имсол 243 касро маҳкум кардаанд. Дар ин бора Додситонии кулли он кишвар рӯзи 25-уми апрел хабар дод.

Дар Додситонии кулли он кишвар гуфтанд, дар умум 265 парванда ба додгоҳ фиристода шудааст. Аммо дар мақомоти додситонӣ нагуфтанд, ки чь цадар аз кормандони мақомот зиндонӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19 апрел расонаҳои Қазоқистон аз содир шудани ҳукми додгоҳ нисбати 214 кас хабар дода буданд.

Ба иттилои додситонӣ, айни замон 585 гумонбари бетартибиҳои моҳи январ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Дар маҷмуъ, ба иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, то рӯзи 25 апрел дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ 5 041 парвандаи ҷиноӣ дар тафтишот буда, аз ҷумла 49 парванда марбут ба бетартибиҳои оммавӣ ва 45 парванда марбут ба терроризм ҳастанд.

XS
SM
MD
LG