Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмон Кавала - ҳомии ҳуқуқ дар Туркияро ҳабси якумрӣ карданд


Ҳомии ҳуқуқи 64-соларо дар талоши табаддулоти давлатӣ айбдор карданд.
Ҳомии ҳуқуқи 64-соларо дар талоши табаддулоти давлатӣ айбдор карданд.

Додгоҳе дар шаҳри Истамбули Туркия ҳомии ҳуқуқ ва тоҷир Усмон Каваларо ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Дар ин бора телевизиони NTV хабар дод.

Ҳомии ҳуқуқи 64-соларо дар талоши табаддулоти давлатӣ айбдор карданд. Ин айбнома марбут ба эътирозҳои оммавии соли 2013 аст.

8 тани дигар дар доираи парвандаи мазкур 18-солӣ зиндонӣ шуданд. Кавала ва айбдоршавандаҳои дигар айбҳоро рад мекунанд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ҳукми додгоҳро ҳазён унвон кард. "Ин ҳукм на танҳо ба Усмон Кавала, айбдоршавандаҳои дигар ва аъзои хонаводаи онҳо, балки ба ҳамаи касоне, ки ба адолат ва фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ дар Туркия ва хориҷ аз он бовар дорад, зарбаи сахте мерасонад", - гуфт Нилс Муйжниекс, мудири Amnesty International дар умури Аврупо.

Иқдоми эътирозӣ дар соли 2013 дар ибтидо як иқдоми зистмуҳитӣ буд, ки баъдтар ба эътирози сиёсӣ ва бетартибиҳо кашонида шуд. Каваларо додгоҳ соли 2020 бе айб эълом кард, вале ӯро озод накарданд.

Сафирони даҳҳо кишвар, аз ҷумла Олмон, Фаронса ва ИМА моҳи октябри соли 2021 дар як изҳороти муштарак аз Туркия даъват карданд, ки Каваларо озод кунад. Дар посух Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия таҳдид ба ихроҷи сафирони ин кишварҳо кард.

Усмон Кавала - як шахсияти маъруфи Туркия аст, ки фаъолияташро солҳои 90 шуруъ кардааст. Як бунёди таъсисдодаи Кавала ба тарҳҳои фарҳангии курдҳо сармоягузорӣ ва аз гурезаҳои Сурия ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG