Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз гузориши Озодӣ ба Чоркӯҳ об омадааст


Чоркӯҳ. Акс аз саҳифаи фейсбукии Зубайдулло Шомадов

Пас аз як рӯзи гузориши Радиои Озодӣ дар бораи камбуди об дар баъзе маҳаллаҳои Чоркӯҳи Исфара, ба ин ҷамоат об омадааст.

Масъулони ҳукумати Исфара рӯзи 26-уми апрел бо нашри чанд акс ва навор гуфтанд, "тавассути 9 нуқтаи обгирӣ заминҳои маҳаллаи Ибод Файзуллоеву Кунҷак, Бӯстону Лангари ҷамоати Чоркӯҳ ва қисман заминҳои ҷамоати Сурх алҳол об гирифта истодаанд."

Як рӯз пеш Радиои Озодӣ дар бораи мушкили камбуди об дар баъзе маҳаллаҳои ҷамоати Чоркӯҳ гузориш дода буд. Дар гузориш сокинон гуфтанд, аз оғози моҳи апрел интиқоли об аз ҷониби деҳаи Куктоши Қирғизистон бас шудааст. Бошандагони Чоркӯҳ шикоят доштанд, ки камбуди об онҳоро дар ҳолати ногувор гузоштааст.

Дар хабарномаи ҳукумати Исфара омадааст, "ба сабаби бебориш омадани зимистони имсола дар минтақа ва камобии дарё дар баъзе мавзеъҳо камбуди об эҳсос карда мешавад."

Як сокини Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 26-уми апрел масъулони идораи оби Исфара омаданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мақомот ба сокинон гуфтаанд, талош мекунанд, ҳеч гоҳ камбуди об надошта бошанд.

Мушкили камбуди об дар минтақаҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон аз оғози ин моҳ шуруъ шуд. Ба ҷуз аз Чоркуҳ, камбуди об дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам вуҷуд дорад. Оби ҳамаи ин деҳаҳо аз Қирғизистон меояд. Мақомоти қирғиз то ҳол дар ин бора вокуниш накардаанд.

Таъмини об дар минтақаҳои наздимарзӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст. Тақсими об чандин маротиба боиси сар задани муноқиша миёни ду тараф шудааст. Аз ҷумла ҷанҷоли хунини охири моҳи апрели соли гузашта бар сари назорат аз болои тақсими об дар маркази “Головной” сар зада буд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG