Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби худкушии арӯсу домод дар Вахш эълон шуд. Падари Гулҳавас шубҳа дорад?


Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева дар рӯзи тӯй. Аксро наздиконашон ба Радиои Озодӣ доданд

Додситони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба қароре омадааст, ки марги домоду арӯс дар ин ноҳия худкушӣ аст ва идомаи тафтиши парвандаро қатъ кардааст.

Қарори мақомоти додситонӣ хонаводаи духтарро нигарон намудааст.

Рӯзи 27-уми март ҷасади Шарифбек Зиёеви 26-сола ва Гулҳавас Шоеваи 17-соларо, ки се рӯз пеш издивоҷ карда буданд, овехта пайдо карданд. Ҳодиса дар маҳаллаи Якатути ноҳияи Вахш рӯй додааст.

Додситон гуфтааст, домод бемор буд

Додситонӣ марги ду ҷавони навхонадорро худкушӣ номид ва дар худкушии онҳо касеро гумонбар надонистаанд, аз ин рӯ, парвандае дар ин робита боз нашуд. Мақомот гуфтаанд, ҷавон бемории равонӣ дошт, вале шарҳ надоданд, ки чӣ тавр духтар кушта шуд.

Маҳмадзоир Шоев, падари марҳум Гулҳавас, рӯзи 25-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бовар надорад духтараш даст ба худкушӣ зада бошад. Ӯ таъкид намуд, ки тафтиши марги духтараш ҳамаҷониба сурат нагирифтааст. "Ману падари писарро ба прокуратура даъват карда, гуфтанд, худкушӣ аст, лекин дақиқ нагуфтанд, ки духтари ман худаш худкушӣ кардааст ё бо таъсири каси дигар ба марг расонида шудааст. Ба падари писар гуфтанд, фарзанди шумо касал доштааст, шумо ӯро табобату нигоҳубин накарда, занаш додед. Гуфтанд, ки ташхис нишон додааст, писар аз моҳи ноябри соли 2021 касал доштааст. Баъди шунидани ин, бештар бовар кардам, ки духтарам худкушӣ накардааст. Ӯро домод ба чунин аҳвол овардааст",--афзуд, Маҳмадзоир Шоев.

"Бародарам сад фоиз буд"

Пештар дар беморхонаи бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Шарифбеку Гулҳавас дар қайди беморхона нестанд.

Хонаводаи Шарифбек Зиёев рӯзи 25-уми апрел ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд. Пайвандонаш қаблан ба худкушӣ будани ҳодиса таъкид мекарданд.

Сафархуҷа Зиёев, бародари Шарифбек, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "бародараш ягон мушкил надошт, сад фоиз буд, вале намедонанд чаро даст ба чунин кор задааст."

Дар қарори додситонӣ, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта шудааст, "дар кирдори содиршуда-даст ба худкушӣ задани Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева аломатҳои таркиби ҷиноят мавҷуд намебошад...бино бар ин оғози парвандаи ҷиноӣ рад карда шуд."

Бархе ҳуқуқдонҳо мегӯянд, мақомот чунин парвандаҳоро ҷиддӣ тафтиш намекунанд ва бо муҳрӣ "худкушӣ" задан онҳоро қатъ мекунанд.

Чаро парванда қатъ шуд?

Намояндагони додситонии Вахш аз шарҳи мавзуъ худдорӣ намуда, хостанд барои суҳбат дар ин бора ба раҳбарашон тамос гирем. Салоҳиддин Исмоилзода, додситони ноҳияи Вахш ба зангҳои мо посух надод.

Бахтиёр Насруллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ради оғози парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги домоду арус ба ин маънист, ки дар амали худкушии онҳо омилҳои беруна вуҷуд надорад: "Яъне, вақте маълум карданд, ки инҳо худкушӣ кардаанд ва аз сӯи шахсони сеюм фишор ё таъсире надидаанд, оғози парванда рад карда мешавад."

Бо тасдиқ шудани худкушии Шарифбек ва Гулҳавас, ин мавриди камтарини худкушии якҷояи арӯсу домод дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Шарифбек ва Гулҳавас рӯзи 24-уми марти имсол издивоҷ карда буданд. Бино ба аксу навори арӯсии онҳо, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, тарафҳо шод ба назар мерасанд, вале чунин ранг гирифтани кор пайвандонашонро мотамзада кард.

Пас аз марги домоду арус аз хонаи хоби онҳо номае ёфтаанд, ки ба иттилои мақомот ташхиси хатнишиносӣ нишон додааст, он аз сӯи домод навишта шудааст. Ин нома дастрас нест ва хулосаи пурраи он низ маълум нест.

Худкушӣ миёни хонаводаҳо, аз ҷумла дар оилаҳои ҷавон солҳост ба як мушкиле табдил ёфтааст, ки атрофи сабабу омилҳои он назарҳои мухталифанд.

Дар пай рух додани чунин ҳодисаҳо гоҳе равоншиносон ба ҳолати бади рӯҳиву равонии сокинон таъкид мекунанд.

Дар Тоҷикистон худкушии домод ё арӯс дар гузашта низ борҳо расонаӣ шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 518 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ва сӯиқасд ба он сабт шудааст. Баъзе аз ин мавридҳоро ба бемории равонӣ ва баъзеи дигарро ба ҷанҷоли оилавӣ рабт медиҳанд. Солҳои охир шикоятҳо аз хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла дар миёни оилаҳои ҷавон, бештар садо медиҳад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG