Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Номаро Шарифбек навиштааст." Ташхиси номае, ки пас аз марги домоду арӯс ёфтанд. ВИДЕО


Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева дар рӯзи тӯй. Аксро наздиконашон ба Радиои Озодӣ доданд

Ташхиси номае, ки пас аз марги домоду арӯс аз хонаи хоби онҳо дар ноҳияи Вахш пайдо шуд, нишон додааст, ки номаро шавҳари зан навиштааст.

Рӯзи 27-уми март ҷасади Шарифбек Зиёеви 26-сола ва Гулҳавас Шоеваи 17-сола, ки се рӯз пеш издивоҷ карда буданд, овехта пайдо карданд. Ҳодиса дар маҳаллаи Якатути ноҳияи Вахш рӯй додааст.

Як корманди додситонии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бе зикри номаш рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки ташхиси хатшиносӣ маълум кард, ки онро ҷавон навиштааст, вале то ҳол дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқ идома дошта, парванда боз нашудааст.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, санҷишҳои аввалия нишон медиҳад, ки ҳодиса ба худкушӣ монанд аст, вале барои ба даст овардани далелҳои бештар санҷиш идома дорад: "Аломати худкушӣ аст ин ҷо, лекин ҳозир санҷиш рафта истодааст, ташхис хатро муайян кардааст, ки аз вай бача аст ". Ӯ нахост бештар суҳбат кунад.

Муҳаммадкарим Шарипов, раиси маҳаллаи Якатути Вахш рӯзи 5-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайванд ба ин ҳодиса ӯро ҳамроҳи чанде аз ҳамдеҳагонаш барои пурсиш ба додситонӣ даъват кардаанд. "Аз мақомот даъват карда пурсида истодаанд. Аз ман пурсиданд, ки ҳамин ҷавон сиҳат буд, ягон касал дошт, шабгардӣ мекард ё бемории руҳӣ дошт? Посух додам, ки ин хел ҳолатҳоро надидам, Шарифбек обчӣ буд, дар лаби замин фақат замин об медод, дигар чизе надида будем."-гуфт, ӯ.

Сафархуҷа Зиёев, бародари Шарифбек, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷасадҳоро аз оғили канори ҳавлиашон ёфтанд. Ба қавли пайвандони арӯсу домод, аз хонаи хоби онҳо номае ёфтаанд, ки зоҳиран қабл аз марг навишта шудааст.

Маҳмадзоҳир Шоев, падари арӯс мегӯяд, нусхаи номаро дар додситонӣ дид ва дар он ҷуфти ҷавон аз пайвандон маъзарат хоста, вале сабабашро шарҳ надодаанд. “Дар нома навишта шудааст, ки “дигар зиндагӣ кардан намехоҳем". Навиштаанд, мо бо хоҳиши худамон худкушӣ мекунем".

Аз марги домоду арӯс 9 рӯз мегузарад ва барои пайвандони онҳо низ сабаби рух додани ҳодиса маълум нест. Мегӯянд, мунтазири посухи мақомотанд, ки дар ин маврид чӣ ҷавоб медиҳанд. Наздикони ҷавон гуфтанд, шаби рух додани ҳодиса дар манзилашон барқ қатъ шудааст. Баъзе сокинони маҳалла гуфтанд, он шаб шамол мевазид ва дар умум барқ дар манзили дигар сокинон низ қатъ гардида буд.

Видео аз рӯзи 30-юми март аст:

Чаро Шарифбек ва Гулҳавас баъди се рӯзи тӯй худкушӣ карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Бино ба аксу навори арӯсии онҳо, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, тарафҳо шод ба назар мерасанд, вале чунин ранг гирифтани кор пайвандону наздикони онҳоро дар ҳайрат гузоштааст.

Дар пай рух додани худкушӣ гоҳе равоншиносон ба ҳолати бади рӯҳиву равонии сокинон таъкид мекунанд. Вазъи саломатии Шарифбеку Гулҳавасро табибон дар вилояти Хатлон хуб арзёбӣ кардаанд. Дар беморхонаи бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ду ҷавон дар қайди беморхона набуданд.

Дар Тоҷикистон худкушии домод ё арӯс дар гузашта низ борҳо расонаӣ шудааст. Дар сурати тасдиқ шудани худкушии Шарифбек ва Гулҳавас, ин мавриди камтарини худкушии якҷояи арӯсу домод дар кишвар хоҳад буд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 518 ҳодисаи даст ба худкшӣ задан ва сӯиқасд ба он сабт шудааст. Баъзе аз ин мавридҳоро ба бемории равонӣ ва баъзеи дигарро ба ҷанҷоли оилавӣ рабт медиҳанд. Солҳои охир шикоятҳо аз хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла дар миёни оилаҳои ҷавон, бештар садо медиҳад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG