Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи байналмилалии теннис "Dushanbe Cup" миёни наврасон


Дар мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон «Dushanbe Cup», ки рӯзҳои 18-22 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 120 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия, Эрон, Дания, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Ҳиндустон, Фаронса, Малайзия, Белгия, Украина, Чин ва Олмон иштирок карданд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарон ҷои аввалро варзишгари навраси тоҷик Сомон Амонов ба даст овард. Ҷои дуюм насиби Анатолий Тсибулко (Қазоқистон) гардид. Саидамир Саидазимов (Ӯзбекистон ҷои сеюмро гирифт.

Дар сабқати духтарон ҳарсе ҷои ифтихориро намояндагони Узбекистон сазовор шуданд. Вероника Лян ҷои аввал, Кейра Ким ҷои дуюм, Муслимахон Турдимуродова ҷои сеюмро азони худ карданд.

Дар рақобати ҷуфтӣ миёни писарон Сомон Амонов (Тоҷикистон) / Анатолий Тсибулко (Қазоқистон) мақоми аввалро ишғол намуданд. Ҷуфти Комрон Икромов / Саидамир Икромов (Узбекистон) ҷои дуюмро сазовор гардиданд.

Миёни духтарон ҷуфти Кейра Ким / Олеся Петрова (Узбекистон) ҷои якум, ҷуфти Муслимахон Турдимуродова / Вероника Ҷепарова (Узбекистон) ҷои дуюмро соҳиб шуданд.

Ба иттилои ноиби раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов, давоми сол дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои дигари сатҳи байналмилалӣ миёни наврасону ҷавонон ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамагӣ ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид шудаанд ва рейтингӣ ҳастанд.

Аз ҷумла 23-юми апрел мусобиқаи байналмилалии “Dushanbe Open” миёни наврасони то 14-сола шуруъ гардид, ки то рӯзи 28-уми апрел идома меёбад. Сипас, дар моҳи май ду мусобиқа миёни ҷавонони то 18-сола доир хоҳад шуд – “Tajikistan Open” (2-7 май) ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон (9-14 май).

Рӯзҳои 8-13 август баргузории Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба теннис, 15-20 август “Dushanbe Open”, 3-8 октябр “Dushanbe Cup” ва 10-15 октябр “Somoni Cup” миёни ҷавонони то 18-сола дар назар аст.

XS
SM
MD
LG