Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чорвопарварии як мансабдор дар Мӯъминобод сокинонро ба ғазаб овардааст. ВИДЕО


Эътирози сокинони деҳаи Кулдамони ноҳияи Мӯъминобод
Эътирози сокинони деҳаи Кулдамони ноҳияи Мӯъминобод

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Мӯъминобод эътироз доранд, ки чарогоҳашонро мақомот ба як мансабдори давлатӣ додааст.

Даҳҳо сокини деҳаи Кулдамони ноҳияи Мӯъминобод ҳукумати маҳаллиро ба пуштибонӣ аз корманди Хадамоти иҷро ва сарфи назар кардан аз манфиати сокинони одӣ айбдор мекунанд. Онҳо мегӯянд, 316 гектар замини чарогоҳашонро ҳукумат ба Мустафо Давлатов, корманди Хадамоти иҷро дар шаҳри Норак, додааст.

Маъруф Каримов, раиси ҷамъияти чарогоҳҳои деҳаи Кулдамон мегӯяд, соли 2016 ҳукумати маҳаллӣ ин заминро барои чарогоҳ расман ба сокинон дод, вале соли 2021, баръакси қарори пеш, онро ба нафаре дод, ки дар ноҳия зиндагӣ намекунад.

Ӯ гуфт, шикояташон аз ҳукумати маҳаллӣ то дастгоҳи президент бенатиҷа будааст.

Ҳоло маълум нест, ки аз ду ҳуҷҷат кадоме асл аст.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Баҳси чарогоҳ дар ноҳияи Мӯъминобод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Дар ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод гуфтанд, ки Мустафо Давлатов дар шаҳри Норак корманди Хадамоти иҷро кор мекунад ва ҳамзамон ба чорводорӣ машғул аст.

Мирзохон Нуров, сокини деҳаи Кулдамон мегӯяд, ҳукумати маҳаллӣ манфиати 400 хонаводаро сарфи назар кардааст ва ҳоло чорвои онҳо ҷойи чаридан надоранд.

Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, замоне чарогоҳ ба Давлатов дода шуд, ки сокинон аз он заминҳо даст кашиданд. “Онҳо баръакс, ариза навишта гуфтанд, ки зурашон намерасад, қарорҳои заминҳои онҳоро бекор кунем. Мо кардем, ҳуҷҷат ва аризаҳо ҳаст.”,--гуфт ӯ.

Сокинон мегӯянд, ҳеҷ гоҳ аз чарогоҳҳои худ даст накашидаанд.

Мустафо Давлатов ҳозир нашуд, бо мо дар ин бора суҳбат кунад.

Мӯъминобод, як ноҳияи кӯҳистонист ва сокинонаш ба кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд.

XS
SM
MD
LG