Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба як фармондеҳи Сипоҳи посдорон дар Эрон


Баъзе аз фармондеҳон ва аъзои баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон. Акс аз бойгонӣ
Баъзе аз фармондеҳон ва аъзои баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон. Акс аз бойгонӣ

Мардони мусаллаҳ ба мошини ҳомили Ҳусайн Алмосӣ, як фармондеҳи аршади Сипоҳи посдорон оташ кушода, як муҳофизи ӯро куштаанд.

Ба гузориши расонаҳо, ҳодиса рӯзи 23-юми апрел дар ҷануби шарқи Эрон иттифоқ уфтод.

Хабаргузории “Рейтерс” гузориш дод, ки ба Алмосӣ осеб нарасид. Ҳамлаварон дастгир шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, мошини фармондеҳи Сипоҳи посдорон дар вилояти Сиистону Балучистон ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG