Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистониҳоро барои зиёд харидани нон 15 рӯз ҳабс мекунанд


Ишқобод. Акс аз соли 2021
Ишқобод. Акс аз соли 2021

Мақомоти Туркманистон ба сабаби норасоии орду нон назорати фурӯши онро дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ, бахусус дар шаҳри Ишқобод, пурзӯр кардаанд.

Маъмурони пулиси пойтахти Туркманистон дар ҳоли ҳозир бо истифода аз дурбинҳои назоратӣ талош доранд, онҳоеро муайян кунанд, ки аз меъёри муқарраршуда бештар нон мехаранд.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки маъмурони пулис дар Ишқобод ба фурӯшгоҳҳои давлатӣ рафта, муштариёнеро, ки барои харидории нон навбат мепоянд, аксу навор мегиранд.

"Онҳо муштариёнро ҳушдор медиҳанд, ки барои аз меъёри муайяншуда бештар нон харидан 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст", - изҳор дошт як сокини пойтахти Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш 21-уми апрел.

Хабарнигори радио бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон хабар медиҳад, ки чандин мансабдори давлатӣ бо гумони сӯистифода аз мақоми хидматӣ дар хариди орду нон ҳабс шудаанд.

Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон имрӯзҳо вазифадор шудаанд, ки ба ҳар як муштарӣ аз 2 ё 3 дона нон бештар нафурӯшанд.

XS
SM
MD
LG