Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон хеши наздики собиқ раиси Кумитаи амниятро меҷӯянд


Нурлан Масимов
Нурлан Масимов

Оҷонси мубориза зидди фасоди Қазоқистон 22-юми апрел иттилоъ дод, ки зидди сардори пешини пулиси вилояти Павлодари он кишвар Нурлан Масимов тафтишот оғоз шудааст.

Ба огаҳии оҷонс, Нурлан Масимов ба "гирифтани пора дар ҳаҷми калон" айбдор мешавад.

"Нисбат ба сардори пешини пулиси Павлодар қарори додгоҳ содир ва ӯ дар ғайбаш ба ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст", - афзудааст намояндаи Оҷонс. Нурлан Масимов, ки гуфта мешавад, дар берун аз Қазоқистон аст, дар пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст.

Нурлан Масимов аз мақоми сардори пулиси Павлодар баъди дар хиёнат ба давлат айбдор ва ҳабс шудани раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов барканор шуд. Нурлан Масимов амакбачаи Карим Масимов аст.

XS
SM
MD
LG