Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний талаб кард, ӯро аз рӯйхати тундгароҳову террористҳо берун кунанд


Навалний дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ.
Навалний дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ.

Сиёсатмадори зиндонии Русия Алексей Навалний идораи "Росфинмониторинг"-и кишварашро ба додгоҳ кашид. Шикояти вай рӯзи 21-уми апрел дар додгоҳи ноҳияи Мешани Маскав сабт шудааст.

Вакилони мудофеи Навалний ба расонаҳо гуфтанд, ки сиёсатмадор ба рӯйхати тундгароҳо ва террористҳо шомил карданашро мехоҳад тавассути додгоҳ бекор кунад. "Росфинмониторинг" - як ниҳоди интизомии Русия Навалнийро рӯзи 25 январи соли ҷорӣ шомили ин рӯйхат кард.

Ба рӯйхати мазкур ҳамсафони Навалний - Леонид Волков, Иван Жданов, Любов Собол ва чанди дигар шомил карда шудаанд. Ҳамаи ҳамсафони Навалний дар озодӣ ва хориҷ аз Русия ҳастанд.

Афродеро, ки шомили рӯйхати тундгароҳо ва террористҳо мекунанд, суратҳисобҳои бонкиашон ба ҳабс гирифта мешавад.

Моҳи июни соли 2021 додгоҳи Москва бо талаби додситонӣ ташкилоту созмонҳои марбут ба Навалнийро тундгароёна унвон ва фаъолияташонро манъ кард.

XS
SM
MD
LG