Бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар Кобул, маркази Афғонистон, ду кӯдак захмӣ шудаанд.
Холид Задрон, сухангӯйи полиси Толибон дар Кобул, гуфт, ҳодиса рӯзи 21-уми апрел дар чорроҳаи Қамбарӣ, минтақаи асосан шианишин, рӯй дод.
Масъулияти ҳамларо то ин дам касе ё гуруҳе ба дӯш нагирифтааст.
Дар як ҳафтаи охир ин таркиши панҷум дар шаҳри Кобул аст. Дар инфиҷорҳои пайиҳами рӯзи сешанбе, 19-уми апрел, дар Дашти Барчии Кобул дастикам 6 кас кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шуданд.